Sebiston new 2024 october
Нозияи Кароматулло: Бо суруд ба мардум чӣ будани силро мефаҳмонем
1000

 

Дар Кохи Суруш дар идомаи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Бале! Мо метавонем силро барҳам диҳем” баргузор гардид.

Баъди сухани ифтитоҳӣ навбати баромад ба Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси Намояндагон, раиси Анҷумани миллии сил ва ҳамраиси Анҷумани ҷаҳонии сил дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, намояндагони СММ ва СУТ дар Тоҷикистон дода шуд.

Дар идома гимни “Нест бод сил“ дар иҷрои овозхонҳои сафири пешгирии сил дар Тоҷикистон Зайнура Пулодова, Рӯзибеки Файзалӣ, Нозияи Кароматулло ва Ҳабиб Ҳакимов садо дод.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагону ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик Зайнура Пулодова, Рӯзибеки Файзалӣ, Нозияи Кароматулло, Мино Баҳриллоева, Дилором Қурбонова, Ҳабиб Ҳакимов, Парвонаи Тоҷиддин, Муқимҷон Абдуфаттоев ва Ҷамшеди Ҳалим баромад намуда, хотири ҳозиринро бо таронаҳои дилнавоз ва саҳначаҳои намакини ҳаҷвиашон шод гардониданд.

Муқимҷон Абдуфаттоев, роҳбари Театр-студияи “Хандинкамон” ва Сафири пешгирии сил гуфт, ҳар сол чун анъана чунин чорабиниҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд баргузор мегардад ва ҳадаф аз баргузории онҳо дар ҷумҳурӣ нест кардани бемории сил мебошад.

“Ман ба мардум гуфтанӣ ҳастам, ки агар ягон нишонаи бемории сил дар пайвандон ва наздикону дӯстонашон пайдо шавад, ҳатман ба мутахассисони соҳа муроҷиат намоянд. Солҳои қабл байни мардум андешае буд, ки бемории сил табобатнашаванда аст, аммо имрӯз бо пешрафти соҳаи тиб ин беморӣ роҳҳои табобати худро дорад ва он ройгон аст. Чун мухлиси ҳаҷв дар ҳама давру замон зиёд аст, роҳҳои табобат ёфтани ин бемориро ба мардум бо ин роҳ оддӣ карда мефаҳмонем, ки он ҷойи чандин тренингу дарсҳоро метавонад гирад”,- гуфт номбурда.

Нозияи Кароматулло гуфт, ки сарояндагонро мардуми зиёд мешиносанд ва вақте як шахси шинохта табобат ёфтани ин бемориро ба мардум мефаҳмонад, онҳо зуд бовар карда, ҳагоми рӯ ба рӯ шудан бо ин беморӣ дарҳол барои табобат ба мутахассисон муроҷиат менамоянд. “Бинобар ин мо кӯшиши зиёд карда истодаем, ки барои мардуми тоҷик инро фаҳмонем. Мо на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин, ба чандин давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Амрикову Ҳиндустон низ барои фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории сил сафарҳо доштем. Яъне, мо бо суруд нишонаҳо ва чӣ будани бемориро мефаҳмонем”,- гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, чорабинӣ бо иҷрои тарона ва нақли саргузаштҳои қаҳрамонони сил анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД