arzon replenishment
Ниёзманд будани зиёда аз ду миллион кӯдаки турк
668

Аз заминларзаи Туркия 2,5 миллион кӯдак ба ёрии таъҷилии башардӯстона ниёз доранд. Кэтрин Рассел, директори иҷроияи Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ин бора хабар додааст.

 АМИТ «Ховар» дар такя ба «Новости ООН» хабар додааст. 

Кэтрин Рассел бо хонаводаҳои осебдида, аз ҷумла, гурезаҳои суриягӣ мулоқот намулда, иқоматгоҳи муваққатӣ дидан намуд. Ҳоло дар он 17 ҳазор нафари бесарпаноҳ зиндагӣ доранд ва аз се як ҳиссаи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Рассел инчунин аз маркази солимии равонӣ, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ барои расонидани кумаки равонӣ ба кӯдакону калонсолони осебдида дар Ғозиёнтеппа ташкил шудааст, дидан намуд.

Фонди кӯдакон то имрӯз тавонист ба 277 000 нафар, аз ҷумла 163 000 кӯдак кумакҳои башардӯстона расонад. Ба эҳтиёҷмандон сарулибоси зимистона, кӯрпа, асбоби гармкунак ва ашёи гигиенӣ дода шуд.

Фонд аз донорҳо барои кумак ба кӯдакон ва оилаҳои Туркия 196 миллион доллар дархост кардааст. Ин маблағҳо ҳам барои кумаки фаврии башардӯстона ва ҳам барои лоиҳаҳои дарозмуддат оид ба дастгирии равонӣ ва барқарорсозии низоми маориф истифода мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД