arzon replenishment
НАЙРАНГҲОИ ШАВҲАРАМРО БА ХОТИРИ МОДАРАШ МЕБАХШИДАМ
24.04.2021
Оила
3276


Салом «Оила»- и азиз!!
Оилаи мо яке аз оилаҳои намунавии деҳаамон ба ҳисоб мерафт, чунки ҳамаамон одобу ахлоқи намунавӣ доштем.

Апаю акаам дар донишгоҳҳои олӣ мехонанд. Падарам аз олам хеле ҷавон даргузашт. Он соли шум ман дар синфи ҳаштум мехондам. Мактаби миёнаро аъло хатм карда бошам ҳам, модарам иҷозат надоданд, ки таҳсиламро дар мактаби олӣ идома диҳам. Бо сабаби баъди ман боз панҷ сағири хурдсол доштанашон модарам маро дар ҳаждаҳсолагӣ ба шавҳар доданд, вале никоҳамон бобарор набуд. Шавҳарам одами ҳарбӣ буд. Мо бо якдигар унс гирифта натавонистем. Характерҳоямон чун обу оташ ҳеҷ созиш намекарданд, чунки аз якдигар аз замин то осмон фарқ доштем. Бегоҳ вақти аз кор омадани шавҳарам шавад, рӯи дили маро пардаи ғам мепӯшонд. Худоро зорӣ мекардам, ки ҷонамро бигирад, то рўйи ўро набинам. Ҳар қадар худро маҷбур мекардам, ки шавҳарамро дӯст дорам, намешуд. Дар хонаи хусурам ба ғайри ман боз ду авсун бо кўдакҳояшон буданду ҷангҳои оилавӣ тез-тез ба вуқуъ омада, ҳамсояҳо аз доду фиғони хонаи мо ба дод меомаданд. Ин хона ҳамагӣ як одами нағз дошт-хушдоманам! Холаи Маҳтоб ҳайбати хосе дошта бошад ҳам, дар асл бисёр зани ҳалиму меҳрубон, яъне ҷони одам буд. Хушдоманам маро мисли фарзанди худаш дӯст медошт ва намегузошт, ки дастамро ба хокистар ё хоку чанг занам. Дар умқи дилам ҳис мекардам, ки дарди маро мефаҳмад. Азбаски ба як ноҳияи дурдаст келин шуда рафта будам, дер-дер наздиконамро хабаргирӣ мерафтам. Ҳар гоҳ маро хумори модари раҳдурам гирад, сарамро ба болини хушдоманам мемондам. Модаршӯям табассумкунон сарамро сила мекарданд. Аз шавҳарам як гапи хуш нашунавам ҳам, ман дар он хона дар симои модараш такягоҳи боэътимод доштам. Пуштибонам хушдоманҷонам буд ва намегузошт, ки касе ба ман кордор шавад.
Мурдаҷамъкуни маҳалла буд модаршӯйи бадаступанҷаи ман, дар маъракаҳо ҳалвои идонаи бомазза мепухт, ҷома ва арақчинҳои зебо медўхт. Баъзан дар ҷомадӯзӣ ба ӯ ёрдам мекардам, модаршӯям хурсанд шуда мегуфт: «Иншооллоҳ ҷонишини ҳунарманде ёфтам!» Ҳамсояҳо шўхикунон мегуфтанд: «Холаи Маҳтоб, чаро ин келинат рўймолча мепўшад, ҳеҷ чизаш намегўӣ?» Хандида ҷавоб медод: «Ҳамсояҷон, ин келинам урусиям бошад, духтари хубу коргар аст». Ҳамеша кўшиш мекард, ки ман бо писараш унс гирам. Боре авсунҳоям ба хонаи модаронашон рафтанду ҳардуямон танҳо мондем. Ман то нисфирўзӣ ҳама кору бори хонаро карда хӯрок пухтам. Дар сари дастурхон хушдоманам оҳи сарде кашида гуфт: «Ман ду бор шавҳар кардам. Ин бобоят шавҳари дуюмам аст. Ҷавон будам, дар 15 солагӣ маро ба марди занмурдае ба шавҳар доданд, чунон ўро бад медидам, ки ногуфтанӣ. Мабодо ба ман наздик шавад, рўяшро мехарошидам. Бечора мардак ба ҳама азобҳоям тоқат мекард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду ўро ба ҷанг бурданд. Бо ҳамин дигар бар нагашт. Баъдтар сахт пушаймон гаштам. Намедонам дар назди Худованд чӣ ҷавоб медиҳам. Пас аз чанд сол ба ҳамин бобоят ба шавҳар баромадам ва бо инояти худованд соҳиби чанд фарзанд шудам…»
Дарк кардам, ки ў қиссаи зиндагиашро ба ман махсусан нақл кард, то тоқат кунам, шояд ҳамааш хуб шавад. Ба хотири дўстдориҳои хушдоманам ба ҳамаи кирдориҳои писараш сабр карда духтарчадор шудам. Духтарчаам нуҳмоҳа буд, ки хушдомани меҳрубонам якбора бемор шуд. Духтурҳо гуфтанд, ки хунаш сафед шудааст. Модаршӯйи ғамхору меҳрубон ва ягона такягоҳам дар зиндагӣ, дар синни 64 солагӣ аз дунё гузашт. Дар рўзи маргаш дилам хун мегирист.

Баъди сари хушдоманам танҳою бе муттако монда, он хонаро тарк намудам. Солҳо аз байн гузаштанд ва имрӯз ман худ зани солори келиндорам, вале то ҳол модаршӯямро ба ёд биёрам, дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад. Ҳар гоҳ рўи ҷойнамоз бишинам, пеш аз ҳама дар ҳаққи руҳу арвоҳи хушдоманам дуою фотиҳа мехонам. Аз минбари баланди «Оила» бори дигар гуфтаниям:

Худо ҷоят ҳамеша дар ҷаннати ҷовидон бошад, холаҷон!
Бадахшон Зардакова,
Шаҳри Қурғонтеппа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД