Соли 13-ум аст, ки иди Наврӯз ҷаҳонӣ гаштааст ва онро дар аксари кишварҳо олам бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд. Мехоҳед донед, ки ин иди зебои баҳориро дар куҷо кай ҷашн мегиранд?
Пас муттаваҷеҳ бошед!
Бино бар маълумоти расмӣ ҳамакнун дар 13 кишвари ҷаҳон Наврӯз ҳамчун ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои таътил ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон фаро расидани Наврӯзро аз 21 март то 24 март ҷашн мегиранд. Дар дигар кишварҳо Наврӯз дар ин рӯзҳо ҷашн гирифта мешавад:
Курдистон — 21 март;
Албания — аз 20 то 23 март
Озарбойҷон — аз 20 то 26 март;
Гурҷистон — 21 март;
Эрон — аз 20 то 24 март;
Ироқ, Курдистон — 21 март;
Қазоқистон — аз 21 то 24 март;
Косово — 21 март;
Қирғизистон — 21 март;
Муғулистон — 21 март;
Туркманистон — аз 20 то 23 март;
Ӯзбекистон — 21 март.