Мадина Ақназарова 15-уми феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст. Волидонаш зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Мадина вақте 4-сола буд, бо волидонаш барои як-ду сол ба Федератсияи Русия, ба шаҳри Санкт-Петербург кӯч бастанд.
Мадина ду синфи аввалро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд хондааст. Волидонаш вақте ки ӯ ҳанӯз дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мекард, ҷудо шуданд. Баъди хатми синфи дуюм боз ба шаҳри Санкт-Петербург, ба Русия рафтанд.
Мадина аз хурдӣ кӯдаки хеле боистеъдод буда, дар мактаб муаллимони мусиқӣ истеъдоди сурудхонӣ ва тембри ғайриоддии овози ӯро фавран пай бурданд ва ӯ дар хори мактабии Санкт-Петербург риштаи вокалро омӯхт.
Пас аз хатми синфи 9 онҳо боз ба ватан баргаштанд. Бо розигии бобо ва модараш ӯ ба Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов барои таҳсили вокалҳои академӣ дохил шуд. Сипас фаъолияти мусиқии худро оғоз намуда, таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома додааст.
Мадина Ақназарова соли 2017 дар саҳнаи тоҷик аввалин шуда буд. Тембри ғайриоддии овоз, услуби иҷроиш, матни хуб ва энергетикӣ кумак кард, ки дар дили тамошобинон зуд ҷой пайдо кунад. Теъдоди мухлисони Мадина ҳам дар консертҳо ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат афзоиш ёфт.
Албоми аввалини «Ай ёр, ёр» ба мардум писанд омад. Тавре Мадина дар як мусоҳибааш қайд карда буд, суруди “Ай ёр, ёр” туҳфа барои тӯйи апааш буд.
Дере нагузашта, ӯро ба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ба консертҳои сатҳи давлатӣ даъват караданд. Ҳунарманди ҷавон борҳо Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар фестивалҳои Ҷопон ва Ӯзбекистон муаррифӣ кардааст.
Дар тӯли фаъолияти кӯтоҳи эҷодии худ Мадина Ақназарова алакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Петербург консертҳои соло баргузор кардааст.