Дар донишгоҳ 3217 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи хориҷиёне, ки ба сифати шунаванда ва омӯзгор фаъолият менамоянд 13 нафар мебошад, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Штатҳои Муттаҳидаи Амрикои ва Фаронса мебошанд.
Ин нуктаро имрӯз Ибодуллозода Ақлиддин, Ректори Донишгоҳи омӯзгори Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ баён дошта, афзуд, ки 943 нафар донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум донишгоҳ барои таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фиристода шуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи баланд бардоштани мавқеъи занону духтарон дар ҷомеа диққати хоса дода, ба роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ супориш медиҳанд, ки бонувони донишманд ва қобилиятнокро ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намоянд.
Роҳбарияти Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон низ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои Миллат амал намуда, ба масъалаи зиёд кардани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон диққати хоса медиҳанд.
Имрӯз дар донишгоҳи мазкур аз шумораи умумии кормандон 410 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 22 нафарашон дар зинаҳои роҳбарикунанда мебошанд. Нақшаи қабули довталабон дар соли таҳсили 2023-2024 сад фисад иҷро шудааст.