Номатон вирди забонҳо қаҳрамонони Ватан,
Ҷовидон андар замонҳо, қаҳрамонони Ватан!
Шӯҳрату шони Шумо шуд шӯҳрату шони Ватан,
Покии виҷдонатон - покии виҷдони Ватан!
Ҷанги бузурги Ватанӣ бо даҳшатҳову қурбониҳо ва ҷонфидоиҳои фарзандони барӯманди миллат дар хотираҳо абадан нақш бастааст. Ҷоннисориҳои қаҳрамонони ин ҷанги хонумонсӯз ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда намешавад, зеро туфайли ҳамин мардони делеру шуҷоъ мо имрӯз озодона нафас мекашем. Ҳамчун разми арҷгузорӣв а эҳтиром ба ҷоннисориҳои сарбозони шуҷоъи тоҷик ва Шӯравӣ дар набард бо фашистони Гитлерӣ мо бо яке аз қаҳрамонҳои Ҷанги Бузарги Ватанӣ Нарзулло Додоев сӯҳбат намудем.
Ин марди наксиришт дар ақибгоҳ барои фронт хизматҳои шоиста намудааст. Тавре худи қаҳрамонамон дар сӯҳбат ба мо нақл кард:
-Дар гӯшаи хаёли касе ин ҷанги хонумонсӯз набуд. Вақте фаҳмидем, ки Германияи фашистӣ ғосибона ба сарзамини Иттиҳоди Шўравӣ даромадааст, як тану як ҷон шуда, тамоми мардум барои дифои меҳан баромадем. Азбаски яккаписар будам ва синну соли волидайнам ба ҷое расида буд, маро ба ҷанг набурданд, вале дар аҷибгҳ барои фронт мо заҳмати зиёде мекашидем. Он вақт ҳама мардуми шӯравӣ бо шиори "Ҳама чиз барои фронт" зиндагӣ мекарданд. Хурду калон шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, меҳнат мекарданд, то ки пеши роҳи фашистони истилогар тезтар гирифта шуда, халқ дубора орому осуда зиндагӣ кунанд. Ман, ки ҳунарманд будам, яъне бо косиби машғул будам, барои аскарон мӯза медӯхтам. Мӯзаҳои дӯхтаи моро ба фронт мефиристоданд.
Бобои Нарзулло азобҳои дар давраи ҷанг кашидаи мардуми тоҷикро бӣа ёд варда чунин қисса мекунад:
-Албатта ҷанг бе қурбонӣ, бе қаҳтиву гуруснагиву азобу уқубат намешавад. Он рӯзҳои вазнин ҳеҷ гоҳ аз хотирам намераванд. Мо ба як луқма нон зор будем, ҳато одамоне буданд, ки нн гуфта ҷн медоданд, вале халқ тоқат мекард, зеро медонистанд, ки ин ҳама ба хотири дифоъ аз Ватан аст.
Қаҳрамони мо дар ақибгоҳ барои фронт ва ғазалаба хизмати шоёне намудааст. Матонат, заҳматписандӣ ва талошҳои ин марди накӯ намунаи баланди меҳнатдӯстиву Ватанпарастист. Талошҳои чунин ҷавонмардон ба аксарони шӯравӣ қуввату мадор бахшида, рӯҳияи онҳоро барои ғалаба бар Германияи фашистӣ бардоштааст.
Нарзулло Додоев иди ғалабаи Иттиҳоди Шўравиро аз болои Германияи фашистӣ дар шаҳри Истаравшан ҷашн гирифта, хизматҳои дар ақибгоҳ барои фронт кардааш соли 1946 бо мукофотҳои зиёд, аз ҷумла бо ррдену медалҳои “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ солҳои 1941-1945", "Ветерани меҳнат", "Барои меҳнати пурсамар" ва ғайра сарфарз гардонида шудааст.
Имрӯзҳо ин марди дарёдил ба синин мубораки 92 қадам ниҳода, дар ҳалқаи фаозандону наберагону аберагон вдавлати пирӣ меронад ва аз Истиқлолияту обдии Тоҷикистони азизаш шукрона мекунад.