formula
Намоишу фурӯши маҳсулоти арзон дар пойтахт
214

Дар рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Душанбе намоиш ва фурӯши маҳсулоти арзон аз ҷониби ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар назар аст, ки 15-уми июл дар чанде аз боғҳои шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир гардад.

Кишоварзони шаҳри Панҷакент маҳсулоти худро дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Хайём ба намоиш мегузоранд.
Дар “Боғи кӯдакон” сокинони пойтахт метавонанд маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Аштро харидорӣ кунанд.

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Куруши Кабир” бошад, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзони Норак баргузор мешавад.

Нархҳои маҳсулот дар ярмарка:

— картошка — аз 4 то 4,50 сомонӣ;
— пиёз — 1,80 — 2 сомонӣ;
— сабзӣ — 3 сомонӣ;
— дигар сабзавот — аз 3 то 5 сомонӣ;
— гӯшти гов — 55 сомонӣ;
— қуттии тухм (30 дона) — 22-27 сомонӣ;
— мева — аз 2 то 5 сомонӣ;
— тарбуз (як дона) — 10-12 сомонӣ;
— равған (5 литр) — 65 сомонӣ;
— орд (50 кг) — 210 сомонӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД