Arzon march 2024
Муҳриддин Низомӣ: Мо ба касе дипломи ҳавоӣ доданӣ нестем
381

“Дар ҳақиқат ҳастанд сарояндагоне, ки баъди машҳур шудан, барои гирифтани диплом ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода муроҷиат мекунанд ва дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд”.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ дар посух ба суоли хабарнигори сомонаи Oila.tj зикр намуд.

“Аз ҳамаи сарояндагони машҳуре, ки дар ин донишкада дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд, мо талаб мекунем, ки саривақт ба дарсҳо ҳозир шаванд. Ба ҳамаи онҳо масъулин занг мезананд, то ба дарсҳо биёянд ва онҳо низ ширкат мекунанд. Инчунин баъзе аз онҳо аз оилаи санъаткор ҳастанд ва ҳатто падару модари онҳо низ ҷиҳати ба дарс омадан назорат мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта Дилноза Каримова донишкадаи моро хатм кард. Падари ин сароянда Нуриддин Каримов собиқ корманди донишкада буд. Падарашон ҳар нимсолаи хониш як маротиба ба назди мо омада, аз таҳсили духтарашон бохабар мешуданд ва ҳатто дар имтиҳони хатм низ ширкат карданд. Инчунин, баъзе сарояндагоне низ ҳастанд, ки дар вақташ аз таҳсил даст кашида буданд ва дубора омада барқарор карда истодаанд. Зарурати гирифтани диплом барои онҳо ба вуҷуд омадааст. Мо ҳама вақт кӯшиш мекунем, ки иштироки онҳоро ба дарсҳо таъмин намоем. Дар ҳолати иштирок накардан, хориҷ карда мешаванд. Алакай баъзеашон хориҷ низ карда шуданд”,- афзуд ректор.

- Мо ба касе дипломи ҳавоӣ доданӣ нестем. Зиёдтар сарояндагони ҷавоне, ки меоянд, дар ҳақиқат ҷиҳати омӯзиш ва аз худ кардани нозукиҳои санъат меоянд. Онҳо зиёд бо устодон кор мекунанд,- гуфт М. Низомӣ.

Бино ба иттилои ректор, ҳамчунин муаллифи яке аз филмҳои сертамошобинтарини тоҷикӣ - “Хусури ман” - Набиҷон Пирматов низ имсол барои маълумоти дуюм дар ихтисоси коргардонӣ ҳуҷҷат супорида, таҳсил карда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД