Як муҳоҷири 24- солаи тоҷик дар Русия бо сабаби шикастани устухони асосии косахонаи сараш ба ҳолати кома афтидааст. Табибони рус вазъи саломатии маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд...
Ҳодиса дирӯз, тахминан соатҳои 9.26 сар зада, дар ҳудуди ноҳияи Фёдорови вилояти Саратов 4 муҳоҷир, ки 3 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва чорумӣ зодаи Ӯзбекистон будааст, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудаанд. “
“Бино ба маълумоти муқаддамотии ГИБДД-пулиси роҳи вилояти Саратов, субҳи 26- март, соати 09:26, дар километри 390-уми роҳи Озинки як ронандаи 39-сола аз уҳдаи идораи мошини тамғаи "Хендэ Солярис" баромада натавониста, дар натиҷа, мошин аз роҳ хориҷ шуд. Бар асари ин садама ронанда ва се мусофирашро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бурдаанд”-менависад Бомдод.
Вазири тандурустии вилояти Саратов Олег Костин вазъи саломатии ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки яке 41-сола ва дигарӣ 18- сола будааст, хуб арзёбӣ намуда, иттилоъ додааст, ки ба онҳо фақат табобати амбулаториро тавсия додаанд, вале вазъи саломатии ду муҳоҷири дигар хеле вазнин ва нигаронкунанда аст. Шаҳрванди 22-солаи Ӯзбекистон бар асари садама осеби мағзи сар гирифта, қабурғаҳояш шикастаанд, муҳоҷири 24-солаи тоҷик бошад, бо сабаби шикастани устухони асосии косахонаи сараш дар ҳолати кома қарор дорад.