sebiston july new
МОҶАРОИ ХУНИНИ ТИФЛИ БЕНИКОҲ... (ҚИСМИ 5 )
07.06.2021
Оила
2995

 ИДОМААШ...

Ӯ ҳангоми аз назди Хуршеду Тухтабой ин тарафу он тараф гузаштан, нисбати онҳо нописандиву беэҳтиромӣ зоҳир менамудааст. Ба онҳо бо қизиқ салому алейк намекардааст. Гӯё Эмом худро шефчаи деҳа вонамуд мекардааст.

Он рӯз Хуршеду Тухтабой мастомаст адаби Эмоми бегуноҳро то ба ҳамон дараҷа сахт доданд, ки Эмоми дар хун оғӯштаро бардошта “Ту лаънатӣ, аҷаб сагҷон будаӣ” –гӯён, ҳамчун лӯхтакча ба сари роҳи мошини ба онҳо наздик шудаистодаи Бахтиёр ҳавола доданд, то ин ки ӯ дар таги мошини бо суръати баланд дар ҳаракатбуда монда, ҷон ба ҷонофарин супорад ва душманонашон Бахтиёрро бо ду дасти адаб ба кунҷи зиндон равона намоянд.

Хайрият, ки Бахтиёр дар ин ҳолати фавқуллода саросема нашуда, ҳушёриву зиракии беҳамто, қобилияти хуби идоракунии мошинро нишон дода, ҷони худ, додараш, завҷааш ва ду мусофири дигари дар салони автомашинааш савор бударо дар хатари азим гузошта, чолокона чамбараки мошинро сӯйи замини шудгор тоб дода, мошинашро чаппа карда, маҷақбод намуд, вале ҷони Эмоми ҷавонро аз вартаи марг раҳонид.

Бахтиёр зуд аз автомашинааш фаромада, Эмомро аз рӯи роҳи мошингард бо ёриву мадади як-ду тамошобини ин спектакли хунини ташкилкардаи Хуршеду Тухтабой бардошта, як автомашинаи роҳгузарро манъ карда, ӯро ба беморхонаи ноҳияашон равон кард. Баъдан Бахтиёр ба назди Хуршеду Тухтабойи ҳамсояш, ки калавида-калавида, чун тамошобин дар канори роҳ рост истода, аз ин намоиши ташкил кардаашон ҳаловат бурда, шоду масрур буданд, рафта, онҳоро ба ақлу заковат ва одоби ҳамида даъват намуд. Ин рафтори разилонаю ноҷавонмардонаашонро нисбати Эмом ва худаш маҳкум намуда, аз онҳо талаб кард, ки авбошигиашонро зуд хотима дода, ба хонаашон рафта, то ҳушёршавию ба худ омаданашон хоб кунанд. Ҳамин ки ба гӯши Хуршеду Тухтабойи майзадаву авбоши ашаддӣ ин суханони холисонаву маслиҳатомез ва дилсӯзонаи Бахтиёр даромаданд, онҳо “Ҳоло шумо тирмизакҳо боз ба мо дарси одобу ахлоқ ёд медиҳед?”, - гӯён, ҳар ду якбора бо дашномҳои болохонадор ба Бахтиёр дарафтоданд. Дар як лаҳза Бахтиёр ва додараш Ихтиёрро, ки бо мақсади аз чанголи ин ҷангараҳо халосу раҳо кардани акааш Бахтиёр расида омада буд, хуб мушту лагадкӯб карданд. Атрофиён ба зӯр Бахтиёру Ихтиёрро, ки дар зери мушту лагади Хуршеду Тухтабой дар рӯи роҳи асфалтпӯш хобонда шуда буданд, раҳо намуданд.

Бахтиёру Ихтиёр диданд, ки ҳамсояҳояшон Хуршеду Тухтабойи масту ҳеҷ нест, ки тинҷу ором шаванд, ба хотири ҳамсоягиву ҳамдеҳагиашон ва ҳам ба насиҳату маслиҳати ҷамъомадагон гӯш дода, зуд ҷониби хонаашон раҳсипор гардиданд, то ин ки аз Хуршеду Тухтабой раҳо ёбанд. Хуршеду Тухтабой баъди содирнамоии ин қадар авбошию занозаниҳои бемаънии намоиш додаашон ҳеҷ не, ки тинҷу ором шуда, бемаънигиашонро бас кунанд. Онҳо авбошиашонро на ин ки хотима намедоданд, баръакс, боз бештар дар ҷойи ҷамъиятӣ дар назди мардуми бисёр давом медоданд. Онҳо соат ба соат, мисли алангаи оташ авҷ мегирифтанд.

Ин дафъа Тухтабой дар пеши назари мардуми ҷамъомадаву тамошобин, либосҳояшро аз тан бароварда, “Боз кӣ зӯр, боз адаби киро диҳем?”,-гӯён, ошкоро ҳамдиёронашро ба ҷангу хархаша, занозанӣ, ба содирнамоии бетартибии оммавӣ даъват мекард ва аз забонаш мисли тири пулемёт дашному ҳақоратҳои гӯшношунид пайи ҳам берун мебаромад. Мардуми ҷамъомада аз додари Хуршеду Тухтабой Ҷонибеки ноболиғ, ки дар он майдон низ ба сифати тамошобин ҳузур дошт, илтимос карданд, ки давида рафта, ба падараш- мӯйсафеди Ҷониқул дар бораи ин авбошию занозаниҳои акаҳояш Хуршеду Тухтабой хабар диҳад, то ин ки зуд омада, эркатулфоронашро ором намуда, ба хонааш барад. Ҷонибек зуд ба хонаашон рафта, ба падараш мӯйсафеди Ҷониқул хабар расонд, ки акаҳояш Хуршеду Тухтабой дар ҳолати мастӣ бо Бахтиёру Ихтиёр ва дигарон дар поёни деҳа дар пеши назари одамони бисёр ҷангу ҷанҷол, занозанӣ содир карда истодаанд. Онҳоро ягон ҳамдеҳаашон тинҷу ором карда наметавонад.

Ин хабарро шунида, мӯйсафеди Ҷониқули ширакайф ҳамон замон гул-гул шукуфт. Як курта гӯшт гирифт. Шоду мамнун гардид. Кинаву адовати 4 моҳ инҷониб дар қалбаш вуҷуддошта нисбати аҳли оилаи Шарифовҳо ба мисли вулқони ба хурӯшомада аланга зад. “Ана акнун мо, Қодировҳо, ба муроду мақсади деринаи худ расидем. Пайти муносибу мувофиқи кайҳо интизораш буда ҳам фаро расид. Набояд, ки ин лаҳзаи қулайи худододро аз даст дод. Бигузор ин оила абадӣ донад, ки мо- Қодировҳо дар зиндагӣ ба чӣ корнамоиҳо қодирем. Акнун кайфу сафои бо духтари гули булулак, ғунчаи ношукуфтаам, Дилафрӯзи моҳпариам доир кардаро бояд, ки аз бинии Бахтиёри зинокор ва аҳли оилаашон бароварда монам”-гуфта, Ҷониқул аз хонааш табар, 2 корд, бел, нунчак гирифта, ба назди писарони ҷангараву авбошаш Хуршеду Тухтабой рафт. Онҳоро ба мошинаш савор карда, ба назди хонаи ҳамсояашон Баҳром Шарифов ҳозир шуданд.

Ҷониқул Баҳромро аз ҳавлияш ба беруни дарвоза, ба назди худ фарёд кард. Баҳроми бехабар аз мақсади нопоки падару писарон бо дасти холӣ ба назди онҳо баромад. Ба берун баромадан баробар Ҷониқул бо писаронаш Хуршеду Тухтабойи авбошу ҷангараю хуношом чун гургони хунхор бо дашномҳои азим ба ӯ дарафтоданд. Ӯро яке бо корд, дигарӣ бо табар, сеюмин бо бел зада, аз пой афтоданд. Боз чанде, ки хостанд Баҳроми оғӯштаи хунро лагадкӯб карданд. Бахтиёру Ихтиёр доду фарёдро шунида, бо дастони холӣ, бо мақсади аз дасти ин ҷаллодон раҳонидани падарашон Баҳром ба назди Қодировҳо омаданд. Вале Қодировҳои саропо мусаллаҳ, ҳамоно бо дашномҳои бадтарин ба Бахтиёру Ихтиёр низ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, ба баданҳои онҳо ҳам бо ин аслиҳаҳои бо худ овардаашон зарбаҳои ҷонкоҳу марговар зада, онҳоро низ оғӯштаи хуну халаф карданд. 

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД