Arzon march 2024
“Мастчоҳӣ”-и Қобилҷон Зарипов пешкаши мухлисон гардид
422

Қобилҷон Зарипов аз ҷумлаи сарояндагони машҳури тоҷик буда, дар санъати тоҷик сабку услуби хоси худро дорад ва таронаҳояш ҳамеша дилнишинанду писанди дӯстдорони санъати волои тоҷик мешаванд.

Ин ҳунарманди маҳбуб чанд рӯз қабл клиптаронаи навашро бо номи “Мастчоҳӣ” дар ютуб-канали писари худ Комилҷон Зарипов пешкаши мухлисони савту наво гардонд. Матни шеър аз Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло буда, оҳанг аз Сорбон Олимов ва Хайриддин Саид аст.

Клиптарона дар толори консертӣ сабт шудааст. Дар клиптарона худи устод Қобилҷон Зарипов ва гурӯҳи рақсӣ бо либосҳои қадимаи зебои Мастчоҳӣ сабт шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД