arzon replenishment
Мағозаи Холназарро кӣ ғорат кард?
13.04.2022
Оила
1342

Нафси бад инсонро ба роҳи хато бурда ба сари одам балоҳои зиёдеро оварда метавонад.Сарнавишти ду ҷавони Фархорӣ, ки ба ишқи пули муфт афтода, ҳаёташонро бо дасти худашон сӯхтаанд, далели равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти ду ҷавони навхат бо иттиҳоми ғоратгарӣ хабар додааст. Фирдавс ва Бахтиёр дар дуздӣ ба маблағи калон муттаҳам дониста мешаванд.


Тавре ки манбаъ мегӯяд, сокинони деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор Бахтиёр Раҳматов ва Фирдавс Файзализода ҳамагӣ 16-17 сол дошта бошанд ҳам, ба ҷойи дар давраи тиллоии умри худ аз паси омӯзиши илму дониш шудан, даст ба ғорати амволи дигарон задаанд. Шоми наҳси 15-уми март ин ду ҷавон бо маслиҳати пешакӣ ба манзили Холназар Гулов даромада, қулфи дари мағозаи ӯро шикаста, аз н ҷо ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, ғорат кардаанд. Ҳамин тавр ин ду ҷавони беинсоф ба соҳибхона ба маблағи 690.000 (шаш саду навад ҳазор) сомонӣ зарар расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд, вале пули ҳаром ба онҳо вафо накарда, билохира ба чанг афтоданд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳашон Бахтиёр ва Фирдавс чанд соли умри ҷавони худро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД