arzon replenishment
Мадина Басаева ҳамроҳи модару хоҳараш ба зиёрати хонаи Худо рафт
982

Блогери тоҷик Мадина Басаева бо тахаллуси Дина Саева ҳамроҳи модар ва хоҳараш ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд.

Мадина Басаева 24-уми августи соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ тиктокер, сароянда, ютубер ва модели машҳур бахусус дар Русия аст.

Мадина дирӯз бо нашри як акс дар шабакаи иҷтимоии Инстаграмм дар бораи Ҳаҷ карданашон хабар дод.

Ӯ зери акс чунин навишт: “Вақте ки хурд будам, ба худ қавл дода будам, ки орзуи ба хонаи Худо рафтани модарамро бароварда мекунам. Модарам кӯдакии хело бад дошт, ӯ марги шавҳарро пушти сар кард, танҳо 4 фарзандро калон кард ва тамоми зиндагӣ ва меҳрашро ба мо дод. Ман хело хушҳолам, ки тавонистам орзуяшро бароварда кунам. Модар, ташаккур барои буданат, барои хоҳар ва бародаронам, барои тарбия ва ҳамаи дастгириҳоятон!”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД