Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли лифт бунёд мешавад. Корхонаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар майдони беш аз 300 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар ин мавзеъ аллакай 7 субъект сабти ном шудаанд. Аз ҷумла корхонаи истеҳсоли филтрҳои ҳавоӣ ва равған барои мошинҳо аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик алмос» ба истифода дода шуда, дар он 18 нафар бо кор таъминанд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи беруна, хусусан сармояи мустақими хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ 7 шартномаро ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ ба имзо расонидааст.
Минтақаҳои озоди иқтисодии кишварамон аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд. Бино ба маълумоти расмӣ, аз ҳама гуна фаъолиятҳои соҳибкорони МОИ, танҳо ду намуди андоз – андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ рӯёнида шуда, вориднамоии таҷҳизот аз боҷи гумрукӣ озод аст.
Ба иттилоъи Пресса. ТҶ ҳоло дар Тоҷикистон чор Минтақаи озоди иқтисодӣ — МОИ «Суғд», МОИ «Панҷ», МОИ «Данғара», МОИ «Ишкошим», МОИ “Кӯлоб” амал менамоянд.