Бо мақсади батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба саҳми замин аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» дар таҳрири нав қабул гардид.
Мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Туйчимуҳаммад Холзода ин санадро шарҳ дода, иброз доштааст, ки «бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳалли масъалаҳои вобаста ба саҳми замин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бо қарори Раиси Кумитаи давлатӣ аз 19 майи соли 2023 тасдиқ гардидани «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» ва ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки хусусияти умумиҳатмӣ дорад, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2023 ба қайд гирифта шудани он барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.
Санади мазкур барои ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, муайян намудани андоза ва саҳми замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи заминсозӣ ва бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Зимнан ёдовар шудан ба маврид аст, ки Шаҳодатномаи саҳми замин ҳуҷҷате мебошад, ки саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ ва андозаи онро муайян менамояд.
Туйчимуҳаммад Холзода тазаккур дод, ки пас аз таҷдид шудани ташкилотҳои кишоварзӣ, шумораи хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва ҳаҷман хурд ба маротиб зиёд гардида, баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба қитъаи замин ва саҳми замин яке аз масъалаи мубрам ва зарурӣ ба шумор меравад.
Бино ба шарҳи ӯ, баъзе роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз мақоми худ суистифода намуда, бе ягон асоси қонунӣ ва худсарона бо роҳи тартиб додани протоколҳои қалбакӣ ва ғайриқонунӣ аъзои хоҷагиҳои деҳқониро аз саҳм маҳрум намуда, ҳамин тариқ ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ба истифодаи замин халалдор менамоянд.
«Дар маҷмӯъ мавриди амал қарор гирифтани Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми заминро метавон хеле муҳим арзёбӣ намуд, ки он ба ҳалли мушкилоти саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуда, дигар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони манфиатдор наметавонанд, худсарона аз пеши худ аъзоёни хоҷагиҳои деҳқониро аз саҳми замин маҳрум намоянд»,-афзуд Туйчимуҳаммад Холзода.
Бо матни пурраи Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин хонандагон метавонанд аз сомонаи расмии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноку мақсадноки қитъаҳои замин ва аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар баромаду мулоқотҳояшон оид ба ин масъала ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд.
"Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 27 апрели соли 2023 таъкид доштанд, ки «Тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд", - гуфтааст ӯ.
Дар ин замина гуфтан ба маврид аст, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ (ҷамоавӣ, деҳқонӣ, оилавӣ, инфиродӣ ва ғ.) дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми муносиб доранд.