arzon replenishment
Хона сохта натавонӣ, дубора замин медиҳанд?
25.01.2024
Мирсаид
535


Салом! Мо оилаи камбизоат ва серфарзанд ҳастем. Ростӣ чанд сол пеш ҳукумат бароямон як пора замин ҷудо карда дода буд, вале бо сабаби бепулӣ дар он хона сохта натавонистем ва заминро аз дастамон гирифтанд.

Писаронам се сол дар русия кор карда, каме маблағ ҷамъ карданд. Донистан мехоҳам, ки агар дубора барои замин муроҷиат кунем, ба мо замин медиҳанд ё не?
Мавлуда аз Ховалинг
Посух

Дар асоси моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи замини ҷудошуда бо мақсади бунёди манзил тибқи таъиноти ғайрикишоварзӣ дар давоми 3 сол шурӯъ накардан ба бунёди оғози корҳои сохтмонӣ асос барои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин гашта, қитъаи замини мавҷуда ба фонди захираи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ноҳияи дахлдор гузаронида мешавад. Муроҷиати такрориро қонунгузор нисбати шаҳрванд маҳдуд накардааст ва шаҳрванди муроҷиаткунанда бояд дар муроҷиати такрории худ эҳтиёҷмандии худро нисбати қитъаи замини наздиҳавлигӣ изҳор намояд ва албатта комиссияи назди Мақомоти маҳаллӣ хулоса дар хусуси ниёзманд будани муроҷиаткунандаро санҷида мебарояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД