formula feb 2025
Хатмкунандагони коллеҷ ва литсейҳои касбӣ-техникӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд
134

Бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони коллеҷ ва литсейҳои касбӣ-техникӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби соҳа ба шумор меравад. Пештар ҳам ин мушкил вуҷуд дошт ва то ба ҳол вуҷуд дорад.

Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён намуда, гуфт: “Бо мақсади ҷалби корфармоён ба низоми омодасозии кадрҳои коргарӣ мо се маротиба мизи мудаввар ташкил намуда, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорон ва ширкатҳои хусусиро даъват намудем. Ба онҳо фаҳмонидем, ки дар муассисаҳои мо барои кадом касбҳо мутахассисон тайёр карда мешаванд. Пешниҳод кардем, ки назарашонро доир ба барномаҳои таълимӣ бигӯянд, то ки мувофиқи талаботи онҳо кадрҳои коргариро омода намоем. Агар ҳамкорӣ дар ҳамин шакл сурат гирад, дар ояндаи наздик масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони коллеҷ ва литсейҳои касбӣ-техникии мо ба пуррагӣ ҳалли худро меёбад. Айни замон мо бо НБО “Роғун”, ширкати “Талко” ва чанд ширкати сохтмонӣ ҳамкориро ба роҳ мондаем ва эҳтиёҷоти онҳоро ба назар гирифта, мутахассисонро омода карда истодаем...”.

Дар идома Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар коллеҷ ва литсейҳои касбӣ-техникӣ ҳунармандонро омода менамоянд ва шахсе, ки ҳунар дорад, ҳеҷ гоҳ бе кор намемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД