Давлаталӣ Саид, раиси Вилояти Хатлон ба 18 омӯзгор сертификати замини назди ҳавлигӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин раиси ноҳияи Муъминобод 4 нафар омӯзгорони ҷавонро бо додани сертификати истифодаи замини наздиҳавлигӣ ҳавасмандгардонд. Дар ин бора Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун низ ба 8 омӯзгори ҷавон, ки ба тарбияи насли наврас машғуланд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар давоми соли таҳсили 2022-2023 ба беш аз 100 нафар омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст, ки бештари онҳо аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара мебошанд.