Formula novemver 2024
Интернетбозӣ духтарро бадбахту оиларо беобрӯ мекунад, агар...
28.05.2023
ОИЛА
1140


Салом! Ман падари шаш фарзанд ҳастам ва мехоҳам назарамро дар бораи интернетбозии ҷавонони имрӯза, махсусан духтарон бигӯям.

Тавре ки ба мушоҳида мерасад, имрӯз аксари ҷавонон ба гапи падару модар гӯш надода, аз субҳ то шому аз шаб то саҳар интернетбозӣ меунанд. Тарбияи фарзанд масъулияти аввалиндараҷаи падару модар аст, аммо бархе аз волидон “замон замони демократӣ аст” гӯён, аслан назорат намекунанд, ки фарзандонашон дар интернет чи мегӯянду чи кор мекунанд.

Ба қавли русҳо аз ҳад зиёд “воля” додан ба фарзанд, хоса ба духтарон ҳам барои худи духтар ва ҳам ба аҳвлоду хонаводаш оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад, чунки имрӯз ҷавонони айшпараст ва ҳатто мардҳои зандоре зиёд шудаанд, ки рӯзи дароз дар сомонаи “Тик-ток”-у, “Инстаграмм” ва «одноклассники» ба арӯсбозӣ машғуланд ва духтарҳои гӯлу содаро ба дом меафкананд.

Беҳуда бузургонамон духтарро «бори номус» нагуфтаанд, ҳаёту мамот ва нангу номуси духтарро, ки қиматтарин ганҷи ӯст, як хатои хурдакак метавонад барбод диҳад, бинобар ин, падару модаронро зарур аст, ки нисбати тарбияи фарзандони худ, хоса духтарон диққати махсус диҳанд.

Мани омӯзгор дар сомонаҳои интернетӣ духтарони тоҷикро зери номҳои рамзии электронӣ аз қабилиселфи таджикастан, духтари парича, духтари танҳо, Закияи туюм ва бандитка дида ба қавле бе дуд месӯзаму дар мегирам.

Шояд бархе бигӯянд: Замон замони демократӣ аст, ҳар кас чихеле ки мехоҳад, ҳамон тавр зиндагӣ мекунад. Ман муқобили замона нестам, медонам, ки илму техника пеш рафтааст ва тамоми мардуми сайёра аз компютеру Интернет истифода мебаранд, вале техникаро бояд оқилона истифода бурд, на барои дилхушиву вақтгузаронӣ.
Абдураҳмон аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нидо 2023-05-28, 20:05
Офарин Абдурахмон! Дарди рузро гуфтед. Ахсан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нидо 2023-05-28, 20:05
Офарин Абдурахмон! Дарди рузро гуфтед. Ахсан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД