Имрӯз дар Остона дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ифтитоҳи нимпайкараи олим, файласуф ва мутафаккири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (Ибни Сино) баргузор шуд, гузориш медиҳад хабаргузории КазТАГ.
Дар ин маросим вазирони фарҳанги Қазоқистону Тоҷикистон, намояндагони шаҳрдории Остона, зиёиёни эҷодкори ду кишвар ширкат доштанд.
Муҷассамаи олим ва файласуфи бузург дар боғи назди кӯчаи А.Храпатого, 9, ноҳияи Алмаатои шаҳри Остона гузошта шудааст. Нимпайкараи биринҷӣ аз ҷониби ҳунармандони тоҷик сохта шуда, пояи гранитӣ аз ҷониби ҳукумати Остона таъмин шудааст.