Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд аз ҷониби IRS ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат ба нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанд.
Ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти IRS оғоз гардидани бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб рафта, то ин замон дар масофаи 16000 метр чунин деворҳои ҳимоявӣ эъмор шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми азнавсозии роҳи Душанбе-Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом алакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод. Ба ибораи дигар, мавҷудияти чунин деворҳо чандин автомобилро аз афтодан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид. Садамаҳои дар масири мазкур рухдода шаҳодати ин гуфта маҳсуб мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазнро устувор мемонад.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо мадди назар қарор дода, гузоштани чунин деворҳо идома дорад.