Formula novemver 2024
ГУНОҲИ НОБАХШИДАНӢ (ҚИСМИ 2)
2980

ИДОМААШ...

Агар рӯзе Гулбаҳор нос намекашид, гӯё чизе гум карда бошад, ким чӣ хел саргардон менамуд. Ин одат аз наврасӣ дар вуҷуди ӯ ҷо гирифта, то имрӯз идома меёфт. Аввалҳо пинҳонӣ нос мекашид, аммо вақте аҳли оила аз ин амалаш огаҳ шуданд, дигар ошкоро нос мекашидагӣ шуд. Борҳо падару модараш ӯро назди табиб бурда, роҳҳои аз ин амалаш даст кашиданро пурсон шуданд, вале бенатиҷа.

Обид рӯзе хаста аз кор баргашта, халтаи носашро холӣ пайдо намуд ва ба мағозаи ҳамсоя рафт.

-Биёед, ҳамсояҷон,-гуфт бо меҳрубонӣ зани савдогар.

-Ду халта нос диҳед ҳамсоя, ки бе нос намешавад. Ҳарчанд ҳаракат намудам, ки ин сабилмондаро дигар истифода набарам, аммо нашуд.

-Дар як рӯз чанд халта нос мекашед, ҳамсоя?-савол дод фурӯшанда.

-Якто, чӣ буд?

-Пас, боз барои кӣ нос мегиред?

- Барои худам!

-Охир, ҳамсаратон субҳи ҳамин рӯз барои шумо ду халта нос харид-ку!

-Нафаҳмидам.

-Гулбаҳор ҳамин саҳар барои шавҳарам нос диҳед гуфта, ду халта нос харида бурд, аллакай онҳоро тамом кардед?

-Зани ман?-ҳайрон шуда, пурсид Обид.

-Бале.

-Вай ҳафтае ду–се маротиба омада, барои шумо аз мағоза нос мегираду ҷойи пул картошкаю пиёз, помидору бодиринг, наску нахӯд медиҳад. Магар халтаҳои носро ба шумо намедиҳад?

-Бори аввал мешунавам, ки ӯ барои ман нос мехаридаст.

-Ҳар вақте барои нос меояд, савол медиҳам, ки наход шавҳаратон ин қадар носро зиёд кашад? “Ҳа, ҳамсоя, шумо шавҳари маро намедонед, агар бе нос монад, тамом” мегӯяд.

Обид аз шунидани ин суханон ҳайрон шуда, ба гуфтаҳои зани ҳамсоя бовар карда наметавонист. “Охир, ҳамсарам зани дурӯғгӯ нест, аз вай ман ягон рафтори ноҷо надидам. Зани ҳамсоя дурӯғ гуфта, зиндагии моро вайрон карданӣ бошад? Не, не, вай дурӯғ намегӯяд, ғайр аз ин, ӯ зани ҳалиму меҳрубон аст, дар тамоми пастию баландиҳои рӯзгор ба оилаи мо кӯмак мекунад”, -дар дили Обид шубҳа пайдо шуд ва ба хотираш нозири барқ расид, ки чанде қабл гӯё шишаи носи ӯро холӣ карда буд.

-Ҳамсояҷон, ҳамон Амири барқчӣ нос мекашад?-савол дод Обид ба зани фурӯшанда.

-Амири сиёҳ?-ба саволи мард савол дод зан.

-Ҳа, ҳамон.

-Не, вай марди носкаш нест.

Обид бовар намекард, ки ин гапҳо рост бошанд. Лаҳзае ба андеша рафт ва ба хулосае омад, ки назди Амир рафта, ҳақиқатро мефаҳмад. Маълум шуд, ки марди ҳамсоя нос намекашидааст. Обид бо ғазаб ба хона омад ва ба ҳамсараш гуфт:

-Чаро маро фиреб додӣ?

-Чӣ хел фиреб, мардакҷон?

-Охир, гуфта будӣ, ки шишаи носро нозири барқ дар халтааш рехта гирифт, аммо ман фаҳмидам, ки вай тамоман нос намекашидааст.

Азбаски Гулбаҳор гунаҳкор буд, хомӯшӣ пеша намуд.

-Ҳар рӯз аз мағоза барои кӣ нос мехаридӣ?-пурсид мард аз ҳамсараш. Чаро хомӯшӣ, ҷавоб гардон, -ин саволу ҷавоб ба як ҷанҷоли калон табдил ёфта, Обид ба сари занаш даст бардошт. Ҳамин дам аз ҷайби Гулбаҳор халтаи нос афтид. Мард носро дида, “Ту нос мекашӣ? Носро худат кашу дигаронро гунаҳкор кун. Шарм намедорӣ?” гӯён, бо ғазаб ба занаш нигарист.

-Дандонҳоям дард мекунанд, дар хона дору нест, барои беморхона рафтан бошад, маблағ лозим аст. Аз куҷо дору ёбам? Фоҳишагӣ кунам магар? Ту марде нестӣ, ки аз ҳолу аҳволи занат пурсон шавӣ, ки чӣ ҳол дораду куҷояш дард мекунад? Ноилоҷ барои худро ором намудан нос кашидам,-бо қаҳр гуфт зан.

-Мур, зани аблаҳ, наход ту нос кашӣ?

Бадқаҳрии шавҳарашро дида, зан ба зорӣ даромад.

-Мардакҷон, илтимос, ором шавед, ваъда медиҳам, ки дигар нос намекашам, хоҳиш мекунам.

Мард низ чанд маротиба хонавайрон гаштанашро андеша карда, ҳамсарашро бахшид, аммо...

Чанд рӯз пас Гулбаҳорро хумори нос гирифт. Азбаски назди шавҳараш қавл дода буд, дигар чора надошт ва сари қаҳр фарзандонашро лату кӯб карда, қариб ба куштан расонд. Чунин рафтори зан чанд рӯз такрор шуду мард бехабар буд.

Рӯзе Обид аз кор баргашта, дар хона ҳамсарашро дар ҳолати асабхаробӣ пайдо намуд. Чун аз ӯ ҳол пурсид, кӯдаконаш аз ҳар кунҷи хона гирёну нолон “падарҷон, занат моро мекушад!” гӯён, худро ба оғӯши падарашон партофтанд.

Мард фарзандонашро дар чунин ҳолат дида натавониста, ҳамсарашро се талоқ кард. Гулбаҳор аз шавҳари сеюм низ ҷудо гашта, бо сари хам роҳ сӯи хонаи падар гирифт ва ба қисмату тақдираш тан дод.    

АНҶОМАШ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД