Гала-консерт ба ифтихори 80-солагии зодрӯзи Бурҳон Маҳмадқулов
30.05.2025
Oila.tj
120

Рӯзи 28-уми майи соли равон Гала-консерт ба ифтихори 80-солагии зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳон Маҳмадқулов баргузор гардид.

Бино ба иттилои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дар барнома сарояндагони пешқадами театри мазкур - Манучеҳр Раҳмонов, Шарофат Усмонзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Достон Холов, Мария Мирзоева, Қурбонмурод Зокиров, Шӯҳрат Сафаров, Пайрав Аюбӣ, Ҷамиля Ғафурова ва дигарон иштирок кардаанд. Ҳамчунин, овозхони даъватшуда - Хуҷастаи Мирзовалӣ, ки фаъолияти эҷодии худро маҳз аз жанри опера оғоз карда буд, бо ҳузури хосаш шомро боз ҳам ҷолибтар намудааст.

- Гарчи зиндагии Устод соли гузашта поён ёфт, овози илҳомбахши ӯ то имрӯз аз забон ба забон мегузарад, дар дилҳои насли ҷавон шуъла меафрӯзад ва онҳоро ба дунболи орзуҳои бузургашон раҳнамун месозад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД