Arzon march 2024
Фикри Нигина Амонқулова дар бораи либоспӯшии сарояндагон
742

Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик аст, ки зиёдтар бо либосҳои миллӣ баромад мекунад. Мехоҳед бидонед, ки Нигина дар бораи либоспӯшии сарояндагон чӣ гуфт? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Нигина аслан бо либосҳои миллӣ, бештар бо атлас рӯи саҳна мебарояд, вале гоҳо бо либосҳои аврупоӣ ҳам рӯи саҳна падидор мешавад. Дар ҳамин ҳол, ӯ бар ин назар аст, ки чеҳраҳои шинохта бояд либоси мувофиқ пӯшанд, то ки таъсири манфӣ ба ҷомеа нарасонанд.

Ин овозхон мегӯяд, ки “таъсири ҳунарманд ба омма зиёд аст. Чунки бештар нигоҳ мекунанд, сурудашро гӯш мекунанд, либоспӯшиашро мебинанд ва пайравӣ ҳам менамоянд, аз ин рӯ, ҳунармандон дар ин ҷиҳат бояд бисёр эҳтиёткор бошанд”.

Ғайр аз ин, мавсуф ҷонибдори пӯшидани тоқиҳои миллӣ аст ва мегӯяд, ки “ман мувофиқ ба сурудҳоям дар саҳна ҳоло ҳам тоқӣ мепӯшам”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД