arzon replenishment
Фараҳноз дар бораи зани дуюм шудан ва шавҳари калонсол кардан чӣ мегӯяд?
22.07.2024
ОИЛА.ТҶ
2024

Фараҳноз Шарафова, овозхони ҷавону номдор бо нашри наворҳо аз тӯяш хабар дод. Байни мардум овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё Фараҳноз зани дуюм мешавад ва марди калонсолро мегирад. Худи сароянда ба ин саволҳо ҷавоб дод. Мехоҳед донед, ки ӯ чӣ гуфт? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Шаби гузашта Фараҳноз дар сторизи навбатии “Instagram”-аш дар мавриди зани дуюм шуданаш изҳори назар карда, гуфт, чанд рӯзи охир ба ӯ ҳадди ақал 5-6 нафар занҳо занг зада, даъво кардаанд, ки гӯё сароянда шавҳари онҳоро гирифта бошад.

“Шавҳаратон ба худатон насиб кунад. Ман шавҳвари худамро дорам. Натарсед! Шавҳар кардан ҳам “проблема” аст. Баъд баъзеатон мегӯед, ки ман гӯё кадом як марди калонсолро гирифта истодаасм. Ман то имрӯз бо ягон мӯйсафед гап назадаам. Худоро шукр, меҳнат мекунам. Фараҳноз пеши ягон кас сар хам намекунад. Фараҳноз дили мардона дорад. Худоро шукр, ман хушбахт ҳастам. Шавҳари ман зан надорад”,- гуфтааст ин бонуи ҳунарманд.

Аммо Фараҳноз дар бораи шахсияти шавҳари ояндааш чизе нагуфт. Ӯ ин бегоҳ тӯй дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД