Ёсамин Давлатова, сарояндаи саршинос ва хеле маъруфи тоҷик аст, ки ҳоло дар кишвари мо ба хурду калон шинос аст. Ӯро дар Инстаграм зиёда аз 900 ҳазор ва дар Ютуб 160 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Сурудҳояшро миллионҳо нафар гӯш мекунанд, садҳо ҳазор нафар меписанданд ва садҳо нафар ҳамроҳаш ҳамовоз мешаванд.
Мардуми мо Ёсаминро бо сурудҳои “Кабӯтар”, “Моҳи ман”, “Метарсам”, “Кавги маст”, “Ёри кӯлобӣ”, “Бевафо”, “Асали ёр”, “Девона” ва ғайраҳо мешиносанд.
Суруди “Кабӯтар”, ки машҳуртарин аст, танҳо дар Ютуб зиёда аз 13 миллион маротиба бозбинӣ ва шунида шудааст.
Сарояндаи ҷавон бо мухлисон ва обуначиёнаш хеле самимӣ ва оддӣ аст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш чунин мегӯяд:
- Фикр мекунам яке аз сабабҳои муваффақиятам ва ба дили мардум роҳ ёфтанам, ин содагӣ ва оддӣ буданам аст. Мардуми мо одиянд ва карру фарро дӯст намедоранд. Аз ин сабаб, кӯшиш мекунам намоҳангҳоямро дар маконҳои бисёр тоҷикона ва орому оддӣ таҳия намоям.
Ёсамин Давлатоваро ҳоло метавон аз ҷумлаи маъруфтарин овозхонҳои ҷумҳурӣ номид, зеро сурудҳояш бо маънои томаш дар дили мардум ҷой ёфтанд. Ӯ оддӣ, самимӣ ва бисёр хуб мехонад. Чунин эҷодкорро мардуми мо хеле хуб қабул карда, дӯст медоранд.
Дар баробари ин ҳама, бояд гуфт, ки Ёсамин Давлатоваро дар Тоҷикистон ва берун аз он танҳо як суруд – “Кабӯтар” машҳур кард. Ӯ то бозхонии “Кабӯтар” чанд суруд нашр карда буд, аммо ба таври бояду шояд шинохта набуд. Вақте ки суруди “Кабӯтар”-ро бо намоҳангаш нашр кард, дар як муддати кӯтоҳ машҳур гардид ва маҳбубияти хосса пайдо кард.
Яке аз сабабҳои муваффақияти ин сарояндаи ҷавон он аст, ки бо ҳунармандони маъруф, ки мардум дӯсташон медоранд, ҳамкорӣ мекунад. Барои мисол, бархеҳо сабаби то ин ҳад машҳур шудани суруди “Кабӯтар”-ро дар он мебинанд, ки сароянда бо ҳаҷвнигори шинохта Ташриф Халилов ҳамкорӣ кардааст. Ҳамин тавр, дар намоҳанги суруди “Асали ёр” гурӯҳи овозадори “Лаҳзаҳои гуворо” нақшофарӣ кардаанду дар “Ёри кӯлобӣ” блогерони шинохта Ғолиб Мӯсоев ва Синоҷон Соҳибов.