arzon replenishment
ДУХТАРИ ХУРДИИ ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА МАКТАБХОН ШУД
30.08.2020
ОИЛА
3306

Фирӯза Ҳафизова, раққоса ва овозхони 35-солаи тоҷик дар саҳифаи Инстаграмаш аз мактабхон шудани духтари хурдиаш хабар додааст. Асмоа, духтари хурдии овозхон имсол ба синфи якум қадам гузошт.

Ба гуфтаи худи овозхон, Асмоа на дар мактаби тоҷикӣ, балки дар мактаби русӣ бо забони русӣ таҳсил хоҳад кард. Имсол дарсҳо аз 17-уми август оғоз шуданд ва Фирӯза Ҳафизова духтарашро ба муносибати нахустин рӯзи ба мактаб рафтанаш табрик кардааст. “Маликаи ман, рӯзи аввали хонишат муборак. Орзу дорам, ки хуб таҳсил кунӣ ва дар ҳаёт муваффақ бошӣ”,-навиштааст овозхон бо нашри акси духтараш Асмоа.

Чандин чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси тоҷик ва мухлисони овозхон ба Асмоа умри дароз, ақли закӣ ва муваффақият дар дарсҳояш орзу кардаанд. Фирӯза Ҳафизова зодаи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) буда, айни ҳол дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва соҳиби ду духтар мебошад.

Духтари калонии ӯ Шаҳзода эҳтимол мактаби миёнаро хатм карда бошад, чун дар ин бора маълумоти дақиқе дар даст надорем. Овозхон дар шабакаи Инстаграм аксҳои духтари хурдиашро бештар нашр мекунад ва аз духтари калониаш он қадар зиёд ёдовар намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД