Мафтуна Назирова, сокини деҳаи Тиллои сафеди ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 3-и шаб аз хона баромада бо ҳамин бедарак шудааст.
Мафтуна 18- сола буда, касе намедонад, ки ӯ ба куҷо рафтааст.
Тавре шоҳидон мегӯянд, пайвандонаш хонаҳои хешу табор ва тамоми ҷойҳои дигареро, ки имкони рафтани Мафтуна ба он ҷойҳо вуҷуд дошт, дидаву пурсидаанд, аммо аз духтарак то ба имрӯз ягон хату хабар наёфтаанд.
Як манбаи наздик ба ин хонавода ба сомонаи “Оила” хабар дод, ки мақомоти шаҳри Ваҳдат аз камераҳои назоратӣ муайян кардаанд, ки Мафтуна сарҳати Узбекистонро гузаштааст ва ба эҳтимоли зиёд дар каламрави Русия қарор дорад.
Аз касоне, ки ин духтарро дар куҷое дидаанд ва ё суроғаашро медоданд, хоҳиш карда мешавад, ки ба модараш хабар диҳанд.
Телефон барои тамос +79224409299