Дили дугонаам кашоли шавҳари ман аст?
...Ману Салима хостгорони зиёде доштем, вақте ба хонаи амаки Одилу холаи Идимоҳ хостгоре меомад, онҳо давида пеши падару модари ман меомаданду маслиҳат мепурсиданд. Баъди домодхушкуниҳои зиёд, маро ба писари акаи янгаи калониям, ки дар пойтахт кору зиндагӣ мекард, ба шавҳар доданд. Салимаро сардухтури ноҳия барои писараш келин кард. Мо пайи ҳам тӯй шуда, порисаи падариро тарк намудем. Салима дар маркази ноҳия зиндагӣ мекарду ҳамроҳи хусуру хушдоману шавҳараш кор ҳам мекард...
Овоза ва ҳақиқат: Зайнура зани пинҳонии Рӯзибек аст?
...Ин овозаҳо дар бораи Рӯзибеку Зайнура чанд сол қабл замоне паҳн шуданд, ки ҳунармандон ҳамроҳ бадеҳаи “Аз манӣ ту танҳо”-ро сабт карда, намоҳангашро дар шаҳри Дубай ба навор гирифта буданд. Ҳарчанд ҳунармандон рад мекунанд, ки байнашон ҷуз дӯстиву рафоқат ва ҳамкорӣ чизе нест, аммо мудом ҳамроҳ гаштани онҳо намегузорад, ки ин овозаҳо аз байн бираванд. Зайнура феълан муҷаррад буда, аз издивоҷи аввалааш ду духтар дорад, ки ҳар ду ҳам дар тарбияи худаш ҳастанд...
Моиндаре, ки модари Каримро зинда кард
...Он ҷо хӯроки пасмондаашонро ба Кариму хоҳаракаш доданд. Саҳарӣ бошад, ба онҳо нон нарасид. Карим бурдаи нонашро ба хоҳараш дод. Кӯдаки бечора чашм аз равғани маска намеканд, аммо касе ба ин эътибор намедод. Карим як пиёла оби хунук оварда, ба назди хоҳаракаш гузошту Маҳбуба нонро дар об тар карда хӯрд. Пас аз се рӯз падараш онҳоро ба хонаашон бурд. Раҳораҳ хурсандона гуфт, ки барояшон модари нав овардаасту бояд онҳо бо ӯ муомилаи хуш кунанд...
Асрорӣ зебоӣ: Мӯй ҳам пир мешавад?
...Бо рафтани синну сол мӯй дар ҳақиқат ба рехтан сар мекунад. Сабаби кам шудани мӯй дар он аст, ки баъди рехтани ҳар тора мӯй дар ҷои он дигар нерӯи аз нав сабз шудани мӯйи нав намемонад. Дар натиҷа мӯй на танҳо тунук мешавад, балки барои афзоиш ёфтанаш ғизо намеёбад. Дар ин ҳангоми бонувон бо истифода аз фену дигар асбобҳои ороишӣ мӯйи худро мисли пешина зебо кардан мехоҳанд, вале дар натиҷа мӯй бештар осеб меёбад...
Тавбаи мард
...Нозимҷон қариб тамоми деҳаро гашт, аммо писаронашро наёфт. Худро ҳар лаҳза сарзаниш мекард. Ба дилаш фикрҳои гуногун роҳ меёфтанд. “Эҳ, марди аҳмақ, чӣ кор кардӣ? Нафси худро дошта натавонистӣ. Ту чӣ гуна падар ҳастӣ? Ба фарзандонат падари намуна шуда натавонистӣ”-гӯён, худро сарзаниш мекард. Ҳаво гарм шуда, аз тор-тори мӯйи Нозимҷон арақ мерехт, вале ӯ боз роҳи худро тай мекард. Мехост ба хона баргардад, аммо агар ба хона худаш мерафт, модараш ӯро хеҷ гоҳ намебахшид. Ба назди масҷид расид...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 17-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 5-уми майи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!