Дирӯз ширкати “Маззаи Нав”, шарики франчайзингии KFC MENA PAKT, дар шаҳри Душанбе тарабхонаи нави KFC-ро дар суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев 26-28 (рӯ ба рӯи Театри Ҷавонон) расман кушод.
Номгӯи хӯрокҳои ин тарабхона тамоми таомҳои машҳури KFC-ро дар бар мегирад. Дари он ҳамарӯза аз соати 09:00-и рӯзона то 02:00-и шабона ба рӯи дӯстдорони ин навъи хӯрокҳо кушода аст.
Дар расми кушодашавии тарабхонаи ҳафтум рӯзноманигорону блогерони шинохтаи кишвар Сабринаи Назрӣ, Наргис Касимова, Беҳрӯз Зеваров, Ҳабибҷон Баҳриддинов ва овозхони машҳур Мубориз Усмонов ҳамчун меҳмони махсус иштирок доштанд.
Камила Сафарова, муовини якуми директори генералии ширкати “Маззаи Нав” бо буридани лентаи рамзӣ дари тарабхонаи ҳафтуми ин тарабхонаи бомаззаро расман барои муштариёнаш боз кард.
Сокинони пойтахт дар рафти кушодашави дар шоу-барномаҳо иштирок карда, бо ғолиб омадан дар озмунҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманд шуданд. Инчунин, онҳо бо сурудҳои Мубориз Усмонов рақсида, бо шӯхиҳои ҳаҷвнигори номдор Ҳабибҷон Баҳриддинов хушҳолона хандиданд.
Тарабхонаи нав ҳам мисли тамоми нуқтаҳои KFC ба сифати баланд ва бехатарии ғизо аҳаммият медиҳад. Маҳсулот дар тамоми марҳилаҳои истифодабарӣ аз назорати ҷиддӣ мегузарад: истеҳсол, интиқол, нигоҳдорӣ, омода кардан ва пешниҳоди хӯрок ба муштарӣ. KFC ба интихоби таъминкунандагони маҳсулоти хом диққати махсус дода, фаъолияти онҳоро дар тамоми давраи ҳамкорӣ ба таври ҷиддӣ назорат мекунад. Ҳангоми тайёр кардани хӯрокҳо танҳо гӯшти мурғи аслӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамаи тарабхонаҳои KFC дар Тоҷикистон танҳо аз маҳсулоти ҳалол, аз ҷумла мурғ, картошка ва соус истифода мебаранд. Меню дар тарабхонаҳо гуногун аст ва барои ҳама нархҳо дастрасанд.
Аксари маводди лозимӣ аз кишварҳои узви ИДМ ва Аврупо бо сифати баланд ворид карда мешаванд. KFC ва “Маззаи Нав” бо таъминкунандагони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин ба нигоҳ доштани сатҳи баланди сифати маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ширкати “Маззаи Нав” соли 2019 бо ҳадафи кушодани шабакаи тарабхонаҳои машҳури ҷаҳонии KFC дар Тоҷикистон таъсис ёфта, ягона шарики расмии KFC MENA PACT дар кишвар мебошад.
“Маззаи Нав” нақша дорад, ки шумораи тарабхонаҳои KFC-ро дар саросари кишвар зиёд кунад. Бинобар ин, мухлисони ин намуди хӯрокҳо навгониҳоро дар мавриди кушодашавии тарабхонаҳои нав дар саҳифаҳои расмии KFC дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ - @kfcintajikistan ва вебсайти www.kfc.tj пайгирӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки KFC як бренди байналмилалии тарабхонаҳои дорои таърихи тӯлонии олиҷаноб ва пур аз навоварӣ мебошад. Менюи ин тарабхона аз хӯрокҳои мурғӣ иборат аст.
Таърихи ташкили бренд аз замони полковник Ҳарланд Сандерс оғоз шудааст. Аввалин қаҳвахонаи он соли 1952 дар Амрико ташкил карда шуд. Имрӯз дар 145 кишвари ҷаҳон зиёда аз 25 000 тарабхонаҳои KFC ба муштариён хизмат мерасонанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор моҳи сентябри соли 2021 KFC кори худро оғоз кард.
Тамъи лазизи мурғу картошка дили сокинони Душанберо бурд ва ин сабаб шуд, ки дар муддати кӯтоҳ 7 шабакаи тарабхонаҳо танҳо дар шаҳри Душанбе расман кушода шуданд.
Ҳар як муштарӣ метавонад ба шабакаи тарабхонаҳои KFC ташриф оварда, аз қаҳваи хушбӯй лаззат барад ва бо мурғи ҳалолу картошкаи зирбони бомазза хотири худро шод кунад.