Бо мақсади пешгирии фарбеҳӣ дар тамоми корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон барои кормандон ҳамарӯза 20 дақиқа машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд.
Тасмими мазкур дар асоси банди нав, ки ба Кодекси тандурустии Тоҷикистон илова карда шудааст, гирифта шуд. Ба ҳуҷҷати мазкур президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми июн имзо гузоштанд.
Роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкату корхонаҳои хусусӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ шароитҳои заруриро фароҳам оварда, иштироки коркандонашонро зери назорат гиранд ва шахсан худашон низ дар ин машқҳо иштирок намоянд.