arzon replenishment
Дар суқути ҳавопаймо 4 кас зинда мондаанд
519


Тибқи маълумоти пешакӣ, чор мусофири ҳавопаймои Falcon 10, ки аз радарҳо дар Афғонистон нопадид шуда буд, зиндаанд ва иттилоъ дар бораи ду нафари дигар мушаххас мешавад.

Дар ин хусус «Ховар» дар такя ба агентии иттилоотии ТАСС хабар додааст.

Тибқи маълумоти Сафорати Русия дар Афғонистон, хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии маҳаллӣ ҳавопаймои Falcon 10-ро пайдо намудааст. Аз шаш нафари дар дохили ҳавопаймо қарордошта чор нафар зинда буда, ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Сарнавишти ду нафар мушаххас мешавад.

«Гурӯҳи ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҳавопаймои Falcon 10-ро, ки шаби 20 январ аз радарҳо нопадид шуда буд, пайдо намуд. Чаҳор нафар, аз ҷумла халабони ҳавопаймо, зиндаанд», — омадааст дар хабар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД