Formula novemver 2024
Чаро муҳоҷирони тоҷикро аз Алма-Ато ихроҷ карданд?
28.02.2023
ОИЛА
774


Ҳудуди 20 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Узбекистон аз шаҳри Алма-Атои Қазоқистон депортатсия карда шудаанд. Дар ин бора пулиси шаҳри Алма-Ато тариқи пахши як видео хабар додааст.

Тавре ки сомонаи Policia.kz иттилоъ медиҳад, ин ихроҷшудагон муҳоҷироне будаанд, ки дар ҷараёни як рейди махсус бо унвони “Мигрант” аз ҷониби кормадони пулис дастгир шуда, барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Қазоқистон депортатсия шудаанд.

Асҳат Бутунчинов, сардори хадамоти муҳоҷирати департаменти пулиси шаҳри Алма-Ато дар бораи натиҷаҳои ин рейд мегӯяд: “дар зарфи 4 рӯзи амалиёт 689 нафар бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонида шуда, 83 шаҳрванди хориҷиро аз Қазоқистон берун карданд.

Дар умум ба тавқифгоҳи пулис 464 хориҷиеро, ки бо худ ҳуҷҷат надоштанд, оварданд”-навиштааст Бомдод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД