Фараҳманд Каримов сарояндаи ҷавону маҳбуби тоҷик аст, ки бо садои фораму сурудҳои дишнишин ва истеъдоди худ дар дили хурду калон ҷой гирифтааст.
Ин сароянда се рӯз қабл суруди нави худро бо номи “Буд набуд” дар ютуб-канали хеш пешкаши ҳаводорони савту наво гардонид, ки аз рӯзи нашр то ба имрӯз зиёда аз 55 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд. Матни суруд аз Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш буда, коркарди мусиқӣ аз оҳангсози маъруфи тоҷик Зайниддин Каримов аст. Ин клип-тарона бо услуби нав ва оҳанги замонавӣ дар шаҳри Истанбули Туркия сабт гардидааст.
Ёдовар мешавем, ин аввалин клип-таронаи Фараҳманд нест, ки бо тарзу услуби нав дар шаҳри Истанбул сабт гардида бошад. Ӯ қаблан низ чандин таронаҳои худро дар ин шаҳри афсонавӣ сабт карда буд, ки миллионҳо нафар онҳо боздид намудаанд.