Formula novemver 2024
БОЗОРИ МАРКАЗИИ ХОВАЛИНГ ИМСОЛ КУШОДА МЕШАВАД
346

Хуршед Раҳмонализода аз ифтитоҳи бозори Ховалинг гуфт

Бозори марказии ноҳияи Ховалинг имсол баъди азнавсозӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бозор пурра навсозӣ гардид ва қисми ками корҳои сохтмонӣ боқӣ мондааст.

Ба иттилои Тоҷикматлубот, сохтмони бозори марказӣ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботи Тоҷикистон соле пештар оғоз гардида, ҳоло беш аз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ба ҳар соҳибкоре, ки дар ин бозор пештар фаъолияти соҳибкорӣ дошт, нуқтаи савдои болопӯшида ва мағозаи замонавӣ бо тарҳи муосир дода мешавад. Ҳар савдогар метавонад, ки дар дилхоҳ фасли сол бе мушкилӣ дар дохили мағозаи болопӯшида ба савдо машғул шавад.

“Дар бозори марказии ноҳияи Ховалинг бо мақсади азнавсозии бозор дар марҳилаи аввал 3,5 миллион сомонӣ хароҷот гардид”, - гуфт Раҳмонализода.

Бояд гуфт, ки дар дохили бозор 110 мағозаи хурд, 24 нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва 12 ҷойи нишасти болопӯшида барои фурӯши меваву сабзавот омода шудааст.

Инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳияи Ховалинг дар назди бозор марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши замонавӣ, ки аз 2 ошёна иборат мебошанд, сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2019 чанд дӯкони фурӯши маводи хӯроквории бозор ба коми оташ рафта буд. Сӯхтор аз ду дӯкони гуштфурӯшӣ оғоз шуда, ба дӯконҳои дигар гузашт. Баъди ин, корҳои азнавсозии бозори мазкур оғоз гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД