arzon replenishment
Боздошти ду сарбоз барои таҳқири сарбозон
707

Прокуратураи генералии Тоҷикистон як акси таҳқиромези сарбозонро шарҳ дод.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки нисбат ба ду сержанти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои таҳқири 9 сарбоз парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Ба иттилои манбаъ, онҳо баъди нашри як аксу матлаби таҳқиромези сарбозон, ки дар сарашон баъди кӯтоҳ кардани мӯй навиштаи Конибодом пайдо шудааст, муайян карданд, ки 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ӯҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сари сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад.

"Номбурда бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ сарбозони навдаъватшуда Б.Л. Кароматзода, М.А. Азамзода, С. Н. Қурбонов, И.М. Гулмирзоев, И.Р. Раҳматуллозода, К.Р. Кенҷаев, Р.Н. Раҷабов, Н.У. Мирзоев ва К.С. Ғуломзодаро барои бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намудан ва нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон кардаааст. Ӯ ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”,- навиштааст маркази матбуоти ин ниҳод.

Прокуратураи генералӣ гуфт, бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти хурд А.М. Давлатов ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст. Давлатов акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

"Вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати хизматчиёни ҳарбӣ  М.Н. Исмоилов ва А.М. Давлатов бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад". - гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки др чанд моҳи охир ин аллакай мавриди дувуми ба ҷавобгарӣ кашидани сарбозони собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбӣ аст, ки вокунишбор гардиданд.

Қаблан, Суди олии Тоҷикистон як афсар ва ҳафт сарбози собиқро ба латукӯби наваскарон дар қисми низомии Қушуни марзбонии КДАМ гунаҳкор ва аз 9 то 11 ол зиндон кард. Онҳо дар охири моҳи апрели имсол ва дар пайи пахши навори латукӯби сарбозон дар як қисми марзбонӣ боздошт шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД