Sebiston new 2024 october
Боздошти 3-ронанда барои пойга дар тӯйи арӯсӣ
432

Санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракати гурӯҳӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби як гурӯҳ ронандагон инъикос ёфтааст.

Дар навор дида мешавад, ки се нафар ҷавонписарон худро аз тирезаҳои паҳлуии воситаи нақлиёти тамғаи "Опел" ба берун бароварда, ҳолати хатарнокро ба вуҷуд овардаанд.

Вобаста ба навори мазкур, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ як қатор чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода рух додааст.

Ронандагони дар навор инъикос ёфта, ҳангоми иштирок дар маросими тӯй ба чунин қоидавайронкунӣ даст задаанд.

Вобаста ба ин, ронандагони автомашинаи тамғаи "Опел", рақамҳои қайди давлатиаш 0101АР07, Амирҷонов Ҳокимҷон Ҳомидҷонович, автомашинаи тамғаи "КИА", рақамҳои қайди давлатиаш 6400OU01, Шодизода Рустам Атохуҷа ва ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота", рақамҳои қайди давлатиаш 8889ER01, Нуров Фаридун Раҳматуллоевич, боздошт карда шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуданд.

Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати қабули қарори қонунӣ ба суд ирсол карда шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД