Дар соли 2022 блогерони тоҷик 29, 7 миллион сомонӣ фоида ба даст оварда, аз он 1,3 миллион сомониро ба буҷаи давлат супоридаанд.
Дар ин бора Назарзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози кишвар дар як вохӯрӣ бо рӯзноманигорон қайд кард.
Назарзода ҳамчунин илова кард, ки тибқи омори расмӣ 70 блогер дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шудааст. Дар се моҳи аввали соли 2023 даромади гирифтаи онҳо 7, 5 миллион сомонӣ ва андози пардохткардаашон 543 000 сомониро ташкил медиҳад.
“Қонунгузории андоз мушахас кардааст, андозсупоранда кист, обекти андоз чи аст, меъёри андоз чи қадар аст, манбаи андоз чӣ аст, ба таври унсурҳои андозбандӣ мушахас ва муайян шудааст. Тибқи низоми андозбандие, ки амал мекунад, нафаре, ки даромадаш то 1 милллион сомонӣ бошад, метавонад ба низоми умумии андозбандӣ гузарад ва худашро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Кумиати андоз ба қайд гирад”, илова кард Назарзода.
Дар Кумитаи андози кишвар зиёда аз 28 адад ширкатҳои хориҷӣ ба мисли Гугл , Фейсбук ва дигарон ба қайд гирифта шудаанд, ки андозҳои пардохтаи онҳо дар соли 2022 зиёда аз 3, 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.