arzon replenishment
Блогери рус аз меҳмоннавозии тоҷикон ба ваҷд омаду ...
708

Блогери машҳури рус Гусейн Гасанов, ки ҳафтаи гузашта меҳмони кишвари офтобии мо гашт, таассуроти худро аз тамошои Тоҷикистон баён намуда, гуфтааст, манзараҳои зебои ин кишвари биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозаш ӯро ба ваҷд овард...

Вохӯрии блогери машҳури рус бо журналистон дар меҳмонхонаи “Сафо” баргузор шуда, Гусейн Гасанов таассуротҳояшро аз кишвари мо чунин нақл кард:

Ёдгориҳои беназири таъхирӣ, манзараҳои зебои табиат ва таомҳои лазизу мардуми меҳмоннавози ин кишвар маро ба ваҷд овардааст. Тоҷикистон дар ҳақиқат биҳишти рӯйми замин аст ва ман мехоҳам обуначиёнам дар бораи ин сарзамини офтобӣ фаҳмида ба тамошои ин диёри биҳиштосо биёяд...

Блогери рус ҳамчунин дар бораи Умедҷон-тоҷикбачае, ки чанде пеш дар як бозӣ (ГИВ) –и ташкил кардаи Гусейн мошин бурд кард, вале ба ҷойи туҳфа пули мошинро гирифта, соҳиби 30 000 000 рубли руси шуда буд, қисса кардааст. Гасанов гуфт, Умедҷон бо он пул хона харида, ба дӯстонаш айфон туҳфа кардааст ва минбаъд бо тиҷорат машғул шудан мехоҳад. Навори ин суҳбат низ нашр шуд. 

Ёдрас мешавем, ки дирӯз вохӯрии ин блогери рус бо мухлисонаш дар боғи “Истиқлол” баргузор гашта, Гусейн Гасанов барои ҳаводоронаш туҳфаҳои зиёде омода намуд.

Дар китоби меҳмонони ифтихории Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ ин блогнавис таассурот хуб навишт, ки аксаш дастраси "Оила" шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД