Кирил Шучер, блогери рус, ки чанде пеш ба як духтари тоҷик дар назди дурбини сабт пешниҳоди ҳамхобагӣ карда, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи мо ва махсусан муҳоҷирони тоҷик барангехта буд, аз тоҷикон узр пурсид.
Баъд аз пахши ин навор, 12-уми феврал мақомоти қудратии Русия аз боздошти ду муҳоҷири тоҷик барои ҳамла ба блогер хабар дода, гумонбаронро боздошт карданд. Кирил Шучер бо чеҳраи хунолуд даъво карда буд, ки ӯро барои навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба духтари тоҷик бар ивази телефони Айфон ҷавонони тоҷик задаанд.
Бо гузашти зиёда аз як моҳ , рӯзи 28-уми март Кирил Шучер бо нашри наворе дар саҳифаи ютубиаш бо унвони “Ман ҳақ набудам. Узрхоҳӣ аз мардуми тоҷик” мегӯяд:
“Салом мардуми мусалмон. Айни ҳол моҳи бузурги Рамазон аст. Мехоҳам, ки ин моҳро ҳама бо хушӣ гузаронанд. “
Ҳамин тавр ин блогери рус ноҳақ буданашро ба гардан гирифта, аз мардуми тоҷик узр мепурсад.
Пас аз рухсат шудан аз беморхона ақидаи кирил Кирил тағйир кард ва ба ин натиҷа расид, ки роҳу арзишҳояшро дигар кунад.
Шучер гуфт, он видеои ҷанҷолиро аз саҳифаҳояш пок кардааст ва дар моҳи Рамазон “самимона аз мардуми тоҷик узр мепурсад."
“Мехоҳам аз мардуми тоҷик барои он навор ва ҷанҷоле, ки пас аз нашри видео сар зад, узр пурсам,”—гуфтааст Шучер.
Кирил Шучер аввали моҳи феврал навори суҳбат дар як хиёбон бо духтареро нашр кард, ки мегуфт, “аз Душанбе аст”. Ӯ ба духтар пешниҳод мекунад, ки бар ивази Айфон бо ӯ ҳамхоба шавад. Баъдан, ин блогер гуфт, ки духтари тоҷик ин пешниҳодашро рад кардааст. Муҳоҷирони тоҷик аз ин кори ӯ хашмгин шуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро барои “таҳқири тоҷикон” таҳдид карданд.