Arzon march 2024
Ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ медиҳанд
351

Мақомот имсол ба 110 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон дар ҳаҷми 600 сомонӣ ҳамчун кӯмаки якдафъаина медиҳад. Дар ин бора Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, маблағи умумӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун кӯмак барои ниёзмандон ҷудо шуда, ҳаҷми умумии он 6 млн доллар ё беш аз 60 млн сомонӣ аст.
Муовини вазир гуфтаст, ин кӯмак ба камбизоатоне дода мешавад, ки дар оила 3 кӯдаки ноболиғ, 2 маъюб ва ё як пиронсоли аз 65-сола боло доранд. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин, нафароне, ки соли гузашта бо қарори ҳукумати кишвар 600 сомонӣ кумакпулии якдафъаина гирифтанд, наметавонанд кӯмаки навбатиро гиранд.

Ёдовар мешавем, ки дар замони бемории COVID-19 низ Бонки ҷаҳонӣ ба 165 ҳазор хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 сомонӣ кумакпулӣ ё дар маҷмуъ 82 миллион сомонӣ дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД