Оташнишонҳое, ки ҷони худро дар хатар мегузоранд, ҳаққи иловагӣ мегиранд.
Ба Қонун «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» тағйиротҳои нав ворид карда шуданд.
Дар лоиҳаи нави қонун ба кормандоне, ки дар шароитҳои барои нафаскашӣ номусоид ва хатарнок, ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар корхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо маводу маҳсулоти аз худ газҳои заҳрноки барои саломатии инсон зараррасон ихроҷ мекунанд, иштирок менамоянд, ба андозаи 20 дарсад ба маоши вазифавиашон иловапулӣ пешбинӣ шудааст.
Саиднақш Раҳмонзода, муовини вазири корҳои дохилӣ гуфт, мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба танзим даровардани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, таъмини назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар биною иншоот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва бехатарии шаҳрвандон мебошад.
“Бо ин мақсад ба моддаи 1-и қонуни мазкур сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда мешаванд: - объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон - марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасониҳои маишӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои динӣ, таваққуфгоҳҳои ҳама намуди нақлиёт, биноҳои муассисаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин, меҳмонхонаҳо ва объектҳои барои будубоши муваққатии одамон; ташкил ва хомӯш намудани сӯхтор - маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-тактикӣ ва муҳандисӣ- техникӣ (ба истиснои чораҳо оид ба таъмини чораҳои аввалияи бехатарӣ аз сӯхтор), ки ба наҷот додани одамон ва молу мулк аз сӯхтор ва хомӯш кардани он нигаронида шудаанд», - шарҳ дод муовини вазир.
Ба иттилои мавсуф, ҳамзамон, бо мақсади паст намудани хавфи ҳодисаҳои сӯхтор дар объектҳо ва иншоот, новобаста аз шакли моликият, барои мутобиқати бино ва иншоот ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор зарурати илова намудани сархати 10 ба қисми дуюми моддаи 15 қонуни мазкур, яъне «додани хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор», ба вуҷуд омад.
Саиднақш Раҳмонзода гуфт, як қисми тағйироту илова ба ҳимояи ҳуқуқҳои кормандони соҳа, ҳифзи саломатии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ равона карда мешаванд, чунки онҳо дар баъзе ҳолатҳо дар шароити хатарнок ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо ва амалҳои ба он наздик фаъолият карда, саломатии худро зери хатар мемонанд, ки фалокатбор буданашон аз эҳтимол дур нест.