Sebiston new 2024 october
Аз тарки кор кардани табибон то тамаъҷӯию эътимоди мардум
862


Дар арафаи Рӯзи кормандони соҳаи тиб — 18-уми август хабарнигори рӯзномаи "Садои мардум" бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба мушкилоту дастоварди соҳа суҳбат анҷом додааст, ки фишурдааш бознашр мегардад.

- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ чанд табиб тарки кор кардаанд? Чаро онҳо тарки кор мекунанд ва оё барои рафъи ин мушкил вазорат ягон чора меандешад?

- Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ мебошад, ки солҳои охир сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат бамаротиб беҳтар гардида истодааст.

Дар радифи ин суол мехоҳам қайд намоям, ки тарки соҳа кардан ва ё ба давлатҳои хориҷ рафтани кормандони соҳаи тиб дар тамоми кишварҳои олам, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи дунё низ, як амри маъмулист ва инро касе инкор карда наметавонад. Дар асл ба дигар кишвар рафтани мутахассисони соҳа ба он алоқаманд аст, ки онҳо мехоҳанд дониш ва таҷрибаи кории хешро баланд бардоранд.

Солҳои охир шумораи табибоне, ки ба хориҷи мамлакат мераванд, бамаротиб коҳиш ёфта истодааст.

Хушбахтона, давоми солҳои охир шумораи табибоне, ки аз кишварҳои хориҷ барои идомаи фаъолияти корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли равон 72 табиб ва 51 ҳамшираи тиб аз дигар давлатҳо омада, дар кишварамон фаъолияташонро идома дода истодаанд.

Барои ҳавасмандгардонии табибон, хосатан табибони ҷавон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамкориҳо ба роҳ мондааст ва умед дорем натиҷаҳои хуб ба даст хоҳанд омад.

Дар умум, имрӯз барои кор ва фаъолияти табибони мамлакат тамоми шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

- Тибқи маълумоте, ки дорем, ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ барои табобати беморони рӯҳӣ наздики 200 табиб намерасад. Чаро духтуршаванда зиёд асту мо мушкили кадрӣ дорем?

- Мутаассифона, бинобар сабаби он ки пешаи табибӣ барои табобати бемориҳои рӯҳӣ хавфнок аст, хеле кам табибони ҷавон ин соҳаро интихоб менамоянд. Айни ҳол дар соҳа 83 нафар табиб, ки собиқаи кории то 40-сола доранд, фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаш­та, дорои таҷрибаи баланди корӣ мебошанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва сармутахассисони соҳавӣ низ айни замон барои рафъи мушкилии норасоии ­кадрӣ дар ин бахш чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

- Аз соли 2014 инҷониб довталабони бахши тандурустӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд. Дар масъалаи донишу соҳибкасб шудан донишҷӯёни солҳои охир чӣ фарқ доранд?

- Мусаллам аст, ки беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи танду­рустӣ бо мутахассисони тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. То 1-уми январи соли 2023 теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21 ҳазору 170 ва 61 ҳазору 383 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1,8 ва 1,7 фоиз зиёд мебошад. Тибқи оморҳои пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 87,9 ва кормандони миёнаи тиббӣ 97,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба як соли пешин тахминан 3,8 ва 2,1 фоиз зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар кишвар барои омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду донишгоҳ — Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, се донишкада — Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб, Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи ­иҷтимоии аҳолӣ» ва 35 коллеҷи тиббии давлатию хусусӣ фаъолият менамоянд.

Омодасозии мутахассисони баландихтисос дар мадди назари роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.

Сифати таълим ва дараҷаи донишазхудкунӣ аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 65,1 ва 92,5 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур далели он аст, ки ҳоло вазъи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳа дар сатҳи хуб қарор дорад.

- Дар аксар беморхонаҳои мо тамаъҷӯӣ ҳаст. Аз бемору бемордор кормандон тамаъ доранд. Барои рафъи ин мушкилӣ чӣ чораҳо андешида истодаед?

- Аслан анҷом додани амалҳои ношоиста, махсусан тамаъҷӯӣ, дар дилхоҳ соҳа аз имон ва инсофи ҳар корманд вобастагӣ дорад. Ин падидаи номатлуб яке аз хислатҳои бади инсонӣ ба шумор рафта, боиси паст гардидани обрӯи корманди соҳа дар назди ҷомеа мегардад.

Давоми чанд соли охир сатҳи ҷинояткорӣ, анҷом додани амалҳои ношоиста аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ дар кишвар рӯ ба коҳишёбӣ қарор дорад. Масалан, агар дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба кормандони соҳаи тандурустии мамлакат 159 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда бошад, ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 117 ададро ташкил медиҳад. Агар дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандон 75 шикояти хаттӣ ва шифоҳӣ оид ба муоширати табибон, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва дигар масъалаҳои ба соҳа алоқаманд ба вазорат ворид гардида бошад, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ин рақам 44 ҳолатро дар бар мегирад. Рақамҳои зикршуда гувоҳи возеҳи онанд, ки давоми солҳои охир сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат хеле беҳтар гардида, инчунин, қонунвайронкунӣ ва дигар амалҳои номатлуб аз ҷониби кормандони соҳа кам гардида истодаанд.

Мехоҳам қайд намоям, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста зимни боздид аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи ­иҷтимоии аҳолии минтақаҳои гуногуни мамлакат бо беморон ва наздикони онҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронида, доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон мешавад.

Ҳамзамон, зимни ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат масъалаи пешгирии тамаъҷӯӣ ва дигар амалҳои ношоиста пайваста таъкид гардида, аз роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин самт корро таҳти назорати қатъӣ бигиранд. Дар умум, ҳар арзу шикояте, ки аз ҷониби шаҳрвандон доир ба анҷом додани амалҳои номатлуб аз ҷониби кормандони соҳа ба вазорат тариқи шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ ворид мегардад, таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, ба гунаҳгорон ҷавоби сазовор дода мешавад.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрони­ҳояшон таъкид карданд, ки мансабдорон барои табобат ба хориҷа мераванд. Чаро чунин аст, ҳоло тибби мо, магар қудрати комили табобат­ро надорад? Агар ­медошт, чаро ба хориҷи мамлакат мераванд?

- Воқеан ҳам, ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ­паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намуда, доир ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи табибони мамлакат, сатҳи омодасозии мутахассисони соҳа, дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо нав­тарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд.

Давоми солҳои охир табибони кишвари мо низ ба кишварҳои пешрафтаи олам сафар намуда, бо ҳамкасбони хеш мубодилаи таҷриба намудаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷрибаи табибони мо аз таҷрибаи табибони ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё камие надорад.

Ҳамзамон, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ низ давоми солҳои охир босуръат рушд намуд, ки дар натиҷа шумораи муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат барои табобат сол то сол зиёд гардида истодааст. Инчунин, барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи табибон низ солҳои охир корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 7433 нафар кормандони соҳаи тандурус­тии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъди­дипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 961 нафар зиёд мебошад.

Дар хориҷи мамлакат бошад, 146 нафар корманди соҳаи танду­рустӣ ба таҳсили баъдидип­ломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 нафар зиёд мебошад.

- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кадом ­дастовардҳоро тибби мо соҳиб гашт?

- Боиси хушнудист, ки барои боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори соҳа дар ин давра бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 7 муассисаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ 1083 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1594 амалиёти ангиография ва 1033 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин ба 319 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 124 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд, ки 30 нафар бемор аз хориҷи мамлакат мебошанд.

Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла дар соҳаи бемориҳои чашм, дил, меъда, дар амал ҷорӣ карда шуданд.

- Чӣ бояд кард, ки вобаста ба соҳа эътимоди мардум зиёд гардад?

- Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эътимоди соҳаи тандурустиро дар байни сокинони мамлакат баланд бардоштан тамоми чораҳои заруриро андешидааст. Хушбахтона, назар ба чандин сол қабл ҳоло эътимоди мардуми ҷумҳурӣ низ ба кормандони соҳа хеле зиёд гардидааст. Далели ин гуфтаҳо бамаротиб коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони мамлакат барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аз кормандони соҳа хизмати содиқона ва софдилона лозим аст, то эътимоди комили мардумро ба даст оваранд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин самт низ дар солҳои наздик соҳаи тандурустии мамлакат ба натиҷаҳои боз ҳам баланд ноил мегардад.

- Таваллуд дар мо ройгон аст, аммо шикоятҳои мардум шаҳодат медиҳанд, ки табибон бо ҳар баҳона пул меситонанд. Ҳатто барои пур кардани варақаи корношоямӣ пул мегиранд.

- Бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ба истиснои он чӣ ки қонун муқаррар кардааст, аз ҷумла амалиётҳои ҷарроҳӣ, таваллуд дар кишвар ройгон аст. Ба иттилои хонандагон мерасонам, ки чандин сол боз дар ­назди таваллудхонаҳои мамлакат телефонҳои боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шудаанд ва дар ҳолати ба миён омадани савол ва ё ягон мушкилӣ шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ занг зада, ба саволҳои хеш посух гиранд.

Ҳамзамон, бо мақсади аз байн бурдани нофаҳмиҳо байни шаҳрвандон ва табибон дар назди таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ хизмат­расониҳои пулакӣ дар ин муассисаҳо, ки тибқи қарори 600 муайян гардидаанд, низ насб карда шудаанд.

Ҳар арзу шикояте, ки аз ҷониби шаҳрвандон чӣ ба тариқи хаттӣ ва чӣ ба тариқи шифоҳӣ вобаста ба фаъолияти таваллудхонаҳо ба вазорат ворид мегардад, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуда, аз натиҷаи он ба шаҳрвандон низ маълумот пешниҳод карда мешавад.

- Шумо аз камтарин вазирон ҳастед, ки ба муассисаҳои зертобеи вазорат бидуни огоҳӣ меравед. Бигӯед, ки чунин низом то кадом андоза барои беҳтар шудани кору хизматрасонӣ мусоидат кард?

- Он чӣ ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон анҷом медиҳад, яъне ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар менамояд ва бо фаъолияти муассисаҳои соҳа бевосита шинос мешавад, фикр мекунам, аслан як амали маъмулист ва бояд чунин бошад.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур ин, пеш аз ҳама, шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳия­ҳои мамлакат, рафти табобати беморон, суҳбати озоду ошкоро бо онҳо ва наз­дикону пайвандонашон, баррасии масъалаю мушкилоти ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Ҳарчанд дар доираи чунин боздидҳо роҳбарияти вазорат вобаста ба рафъи камбудию мушкилоти ҷойдоштаи муассисаҳои тандурустӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ дидор ва гуфтугӯҳо дош­танд ва як қатор муассисаҳои соҳа аз таъмир бароварда шуда, бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин шуданд, вале фикр мекунам, ҳанӯз натиҷагирӣ намудан аз ин иқдом барвақт аст.

- Тибқи маълумоти Созмони умуми­ҷаҳонии тандурустӣ давоми чор ҳафта дар ҷаҳон зиёда аз 1 млн. нафар аз коронавирус сироят ёфта, зиёда аз 3 ҳазор нафар фавтидаанд. Яъне, бо вуҷуди анҷоми ҳолати фавқулода ҳоло ҳам ин бемории оламгир ҳамчун таҳдид боқӣ мемонад. Барои пешгирӣ аз сироятёбӣ дар ҷумҳурии мо кадом чораҳоро андешида истодаед?

- Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории сироятии COVID-19 ин ба ваксинатсия фаро гирифтани шаҳрвандон мебошад.

Шурӯъ аз 23-юми марти соли 2021 то 23-юми июни соли 2023 сатҳи фарогирии иммунизатсияи зидди сироятии COVID-19 бо вояи якум — 99,1 фоиз, вояи дуюм — 97,9, вояи якуми бустерӣ (сеюм) — 97,6 ва бо вояи дуюми бустерӣ (чорум) 85,8 фоиз ташкил додааст.

Дар маҷмӯъ, ҳоло вазъи соҳаи тандурустии мамлакат муътадил мебошад ва кормандони соҳа бо дасту дили пок барои таъмини солимии аҳолӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

- Дар кадом ҳолат аз кори худ қаноатманд мешавед, дар ҳоле ки барои табобат ин қадар сарусадо зиёд аст?

- Ман фикр мекунам, ҳеҷ кас наметавонад фаъолияти худро натиҷагирӣ ва ба он аз нигоҳи худ баҳо бидиҳад. Ба фаъо­лияти ҳар шахс, аз корманди одӣ сар карда, то роҳбар мардум баҳо медиҳад.

Айни замон фикру андешаи мо ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД