Arzon march 2024
Аз рӯи хусур ҳам шикоят карданд
464

 

Муроҷатҳое, ки ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи зӯроварӣ дар оила ворид гардидааст, шикоят аз рӯи шавҳар, хусур, хушдоман ҳамчунин нисбати келин мебошад.

Муроҷиаткунандагон тариқи шифоӣ ва хатӣ муроҷиат карданд. Ба хотири пешгирии зӯроварӣ дар оила, бо Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамкории зич дорем ва дар ин самт дар 17 шаҳру ноҳия чунин шуъбаҳо фаъолият мекунанд. Он зӯровариҳое, ки аъзоёни оила нисбати келин, фарзанд мешавад, пайваста таҳти назорат мегирем.

Ин нуқта зимни нишасти хабарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ироа гардид.

Умед Бобозода, дар суханрониаш гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомот панҷ ариза вобаста ба зӯроварӣ дар оила ворид шудааст, ки шикояти шавҳар, волидон ва дигар аъзоёни хонавода буданд.

Ҳамчунин илова гардид, ки аз рӯи чор муроҷиати бақайд гирифташуда, ду тоаш хатӣ ва дуи дигар шифоҳӣ буд, ки онҷо ҳам дахлнопазири кӯдак ва ҳам зӯроварӣ нисбат ба  кӯдак аст. Дар ҳарду ҳолате, ки хаттӣ қайд шудааст, дар яке зӯроварӣ аз ҷониби падари кӯдакон ва дар муроҷиати дуюм зӯроварӣ аз ҷониби келини хонавода ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба ҳолатҳои дахлдор ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол гардид, ки корбарӣ рафта истодааст.

Зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода падидаи нав нест. Дар бештари ҳолат он ба куштор, худкушӣ ва куштори фарзандон аз ҷониби яке аз волидон рух медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД