Arzon march 2024
АЗ ҶАНГУ ХАРХАША ХАСТА ШУДААМ
3770

 Падарам майхораву мудом кораш шаробнӯшӣ аст. Вақте маст шуд, дар чашмаш ҳама душмани ҷонии ӯ менамоянд. Хонаи мо ҳар шаб тӯй асту консерти бе пул, падарам моро азият дода, то субҳ хонаро ба сараш мебардорад. Баъзан ҳатто ба сари ману модарам даст мебардорад. Вале модарам намехоҳад аз падарам ҷудо шавад. Ба фикрам, модарам аз он метарсад, ки падарам бе ӯ хор мешавад.

Аз рӯи шунидам, модарам падарамро дӯст дошта, хонадор шудааст. Ҳарчанд бобоям розӣ набуд, вале модарам ду пойро дар як мӯза андохта, падарамро хуш карда будааст. Имрӯз забони модарам дар пеши фарзандони падараш кӯтоҳ аст ва наметавонад хабари ҳар шаб аз падарам мушту лагад хӯрданашро ба онҳо гӯяду хандахариши эшон гардад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, падарам бо бародаронам қад ба қад шуда, онҳоро мезанад ва бечора бародаронам оби чашм ба бари рӯ ҳамеша хомӯш мешинанду ба касе аз доштани чунин падари майхора лаб ба шиква намебаранд. Мебинам, ки модарам аз чунин зиндагӣ хеле хаста шудааст, вале илоҷи халосӣ намеҷӯяд. Чӣ кор кунем? Ба мо маслиҳат диҳед!

Анора, н. Шаҳринав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД