Arzon march 2024
Ҳавои номусоид дар рӯзҳои истироҳат
526



Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдоор додааст, ки рӯзҳои истироҳат ҳавои номусоид пешбинӣ шудааств абинобар ин,эҳтиёт бошад.

Эҳтимоли бар асари боридани боронҳои шадид дар ин рӯзҳо сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло равад.

Дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон омадани селҳо, резиши санг ва ярч ба вуҷуд омада метавонад. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар такя ба маълумотҳои Агентии боду ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 26-27-уми майи соли равон боришоти шадид дар назар дошта шудааст. Боронҳои шадид дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ метавонанд сабабгори шуста шудани хок ва ҳаракати он шаванд.

Ҳавои номусоид чорвочарониро дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ба мушкилтар хоҳад кард.

Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки тадбирҳои амниятиро риоя кунанд. Дар чунин рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо бо мақсади ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои дорувор, занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, маслиҳатдода намешавад. Аз чорвочаронӣ низ бояд худдорӣ намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД