Мегӯянд, ки қасри зану шавҳар ва ҳунармандони машҳури рус Максим Галкин ва Алла Пугачёва дар деҳоти Грязи Русия 11 млн рубл арзиш дорад. Ин манзили овозадорро кӣ чунин нархгузорӣ кардааст ва оё ҳар нафари хоҳишманд метавонад хонаи примадоннаи бузургро харидорӣ намояд?
Қасри шашошёна, ки бо ҳайкалҳои “рицар”-ҳои оҳанӣ оро дода шудааст, дорои лифт, китобхона ва ҳатто “обсерватория” аст. Дар ошёнаи охирин фарши шишагин, инчунин кинотеатр ва ҷой барои кормандон муҳайё карда шудааст. Қитъаи замине, ки бино дар он ҷойгир аст, як гектарро ишғол мекунад, масоҳати худи қаср 2,3 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Пештар арзиши қасрро гуногун ном мебурданд: нархи аввалааш 500 миллион, баъдинааш 700 миллион ва ниҳоияш 1 миллиард рубл гуфта мешуд. Шоумени машҳур Стас Барецкий қасам хӯрд, ки қасрро бо нархи 450 миллион рубл харидааст, аммо баъд маълум шуд, ки ин гуфтааш ҳақиқат надорад. Ҳатто нафаре нархи воқеии қасрро 70 миллион рубл баҳогузорӣ карда буд.
Чаро харидорон мегурезанд?
Деҳаи Гряз, ки дар ноҳияи Одинсовои Подмосковье ҷойгир аст, қаблан як минтақаи ба ҳама ношинос буд, то вақте ки зану шавҳари номдор ба он ҷо кӯчиданд. Замоне, ки Алла ва Максим дар Гряз зиндагӣ мекарданд, нархи хонаҳои ин деҳот қимат шуда буданд, вале боз коҳиш ёфтанд. Ҳоло дар ин ҷо хонаҳоро бо нархи 10 миллион, 28 миллион ва 150 миллион рубл харидан мумкин аст. «Ҳар субҳ бо як пиёла қаҳва аз манзараҳои ҷаззоб лаззат мебаред!» - ваъда медиҳанд риелторҳо.
Яке аз коттеҷҳое, ки соли 2017 сохта шудааст, феълан дар ин деҳот бо нархи 107 миллион рубл фурӯхта мешавад. «Бо техникаи маишии пурра муҷаҳҳаз шудааст. Масофа аз МКАД тавассути шоҳроҳи Рублев - ҳамагӣ 28 километр. Аз майдони фурудгоҳ ҳамагӣ чанд дақиқа бо мошин мерасед», - оварда шудааст дар эълон.
Ба саволи харидорон оиди он ки “Хонаатон аз қасри Пугачёва чӣ қадар дур аст?” Фурӯшандаҳо мегӯянд: «Нигарон нашавед, тирезаҳо ба тарафи дигар аст, намуди шуморо вайрон намекунад!»
Қасри Максим ва Алларо ба ҳамаи сокинони деҳа пешниҳод карданд, ки дар байни онҳо сарватмандон зиёданд. Пешниҳоди тахфиф ва қисм-қисм додани маблағро карданд, аммо ҳама рад намуданд. Тибқи баҳогузории ноиби президенти Гильдияи риелторҳои Русия Константин Апрелев, на танҳо ба нархи худи хона, балки ба пардохти «коммуналка» низ бояд диққат диҳед. Арзиши он ҳатто сарватмандонро низ нороҳат карда метавонад. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ қадар пул лозим аст, то дар зимистон зиёда аз 2 ҳазор "метри мураббаъ"-и ин қасрро гарм кунед! «Хароҷот барои боғбон ва тозакунии хонаро низ фаромӯш накунед», - ҳушдор медиҳад Апрелев.
Ҳоло, ба гуфти сокинони маҳаллӣ, дар хона посбонони шабонарӯзӣ кор мекунанд ва Аллаву Максим барои маоши онҳо ҳар моҳ 300 ҳазор рубл сарф мекунанд. Илова бар ин, хароҷот барои рубучин, пули «коммуналка»... Тақрибан 500 ҳазор рубл дар як моҳ барои қасри нолозим сарф кардани зану шавҳаре, ки даромадҳои пешинаашонро аз даст додаанд, барояшон бори гарон мегардад.
“Қасри арвоҳ”
Тавре ҳуқуқшиносон итминон доданд, гирифтани ипотека барои қасри Пугачёва комилан имконпазир аст. «Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин чандон хатарнок нест, - тавзеҳ дод адвокат ва ҳуқуқшинос Александр Карабанов. – Харидани активҳо аз агентҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Галкин имконпазир аст, агар ин дуруст анҷом дода шавад. Агар мо ипотека барои манзили дуюм гирем, аввалан банк қасрро тафтиш мекунад. Ва дар ҳамин ҷо метавонад мушкилот пайдо шавад. Масалан, чунин як мушкилот вуҷуд дорад: қасри Пугачёва дар харитаҳои кадастрӣ нишон дода нашудааст. Аз ин рӯ, танҳо нархи қитъаи замин – 11 миллион рубл арзёбӣ гардидааст. «Пеш аз он ки ин хонаро харед, тавсия медиҳам, ки экспертиза гузаронида, арзиши воқеии онро муайян намоед. Ва агар «примадонна» манзилро хеле гарон фурӯшад, масъалаи маблағи номуносибро метавонад андоз ҳал кунад», - қайд мекунад Карабанов.
Бурд ё бохт?
Барои қасри Пугачёва ипотека медиҳанд, аммо бо пардохти аввали калон, зеро объекти манзилӣ нав нест ва хатарнок аст. Ва фоизи ипотека хеле баланд хоҳад буд - 21,3%. Илова бар ин, пеш аз харид, кормандони бонк бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва лоиҳавиро дар бораи қитъа омӯзанд, кӯшиш кунанд, ки хатарҳо ва намуди истифодаи иҷозатдодашудаи заминро арзёбӣ кунанд. «Эҳтимол ин замин барои истифодаи кишоварзӣ бошад ва барои он ипотека барои манзил намедиҳанд. Ва боз бисёр монеаҳои дигар метавонанд ошкор шаванд, вақте ки мо ба тафтишоти ҳуҷҷатҳо оғоз мекунем», - тавзеҳ медиҳад Константин Апрелев.
Агар бо ин “ставка” қасри Пугачёваро бо нархи ҳозирааш, яъне 11 миллион рубл бо кредит барои 30 сол харидорӣ карданӣ шавед, то соли 2054 бояд ба бонк пул супоред. Ва дар ин муддат тақрибан 5 маротиба зиёдтар, қариб 50 миллион рубл медиҳед! Пардохти моҳонаи чунин ипотека 179 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Бар замми ин, эҳтимоли бузург вуҷуд дорад, ки пас аз харидани қаср онро тамоман вайрон кардан лозим меояд. «Ин мумкин аст, агар он бо идораи меъморӣ мувофиқа нашуда бошад. Бояд фаҳмид, ки чӣ гуна ҳуқуқҳои он сабт шудаанд: дар тартиби судӣ ё муқаррарӣ. Эҳтимол он дар кадастр ё реестр дуруст сабт нашуда бошад», - ҳушдор медиҳад Константин Апрелев.
Харидорӣ намудани хонаи мазкур хатарнок аст. Агар онро дар Росреестр сабт карда натавонед, пас тибқи қонун онро фурӯхтан ё ба иҷора дода наметавонед ва ҳатто ҳуқуқи моликият ба он нахоҳед дошт!
«Ҳатто харидорони таҷрибадор пеш аз харидани қасри Пугачёва сад маротиба фикр мекунанд», - ҳушдор медиҳад Константин Апрелев.
Ин аст асрори қасри шоҳона! Акнун маълум гардид, ки чаро касе онро харидан намехоҳад.
Меҳрубони НОДИР