Ҷасади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишери Мирзонабот, ҳамсар, фарзанд ва ёвару ронандаи ӯро, ки ҳафтаи гузашта зимни бозгашт аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон бо мошин ба дарёи Панҷ сарозер рафта буданд, 100 нафар наҷотдиҳандагон ҳам дар рӯйи об ва ҳам дар зери об ҷустуҷӯ доранд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ба ин ҳайат наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ, Минтақаи Кӯлоб ва Раёсати таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукову наҷот шомил буда, корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор аз мавзеи ҳодиса оғоз шуда, ҳоло дар ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо идома доранд.