Дирӯз Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ ҷашни милод дошт. Ин ҳунарманди асил ба синни мубораки 63-солагӣ қадам ниҳод. Ба хотири муборакбодӣ мо ба соҳибҷашн занг задем.
Тавре Афзалшоҳи Шодӣ зимни суҳбат гуфт, дирӯз аз субҳи содиқ то як поси шаб телефонаш орому қарор надошт. Мухлисон, дӯстон, рафиқон ва шогирдони бешумораш аз тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ занг зада, ӯро бо ҷашни зодрӯз муборакбод гуфтанд. Соҳибҷашн мегӯяд, мухлисони ҳунараш аз Тошканду Самарқанду Бухоро ва давлатҳои хориҷӣ аз ҷумла аз Амрико занг зада, ҷашни милодашро муборакбод гуфтаанд, ки ин албатта хеле хурсандиовар буд.
“Ман аз мардуми тоҷик миннатдор ҳастам, чунки натанҳо дар рӯзҳои хурсандӣ, балки дар ғаму дард низ ҳамеша дар паҳлуи банда буданд. Вақте ки модари меҳрубонам аз олам гузашт, ғамшарикам гаштанд, маро дилдорию тасаллӣ доданд. Дӯстони ҳақиқиро дар чунин рӯзҳо мешиносӣ“.
Афзалшоҳи Шодӣ мегӯяд, дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе мухлисони асилаш дар васфаш шеърҳои хуб навиштанд ва ин ба ӯ руҳу илҳоми тоза бахшид.
Дар мавриди туҳфаи беҳтарине, ки дар ҷашни милод гирифтааст, устоди санъати тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ гуфт: “Духтарам Барно духтарча таваллуд кард. Тавлиди боз як набераи дӯстрӯяк барои ман беҳтарин туҳфа дар ҷашни милодам гашт, охир беҳуда нагуфтаанд, ки фарзанд бодом асту набера мағзи бодом“.
Ба гуфти худи ҳунарманд, ин тифлаки некқадам набераи шашумаш мебошад.
Афзалшоҳи Шодӣ бобои 6 набера - 4 писар ва 2 духтарчаи заркокул аст.
Мо бори дигар устод Афзалшоҳи Шодиро бо ҷашни милод сидқан муборакбод гуфта, ба ин ҳунарманди асил умри дарозу ризқи фароз ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Кашмакаш карда баремат то ба сад,
Зӯри мо албатта бар ин мерасад.
Пас аз он садсолаҳои бешумор,
Хоҳ дароӣ, хоҳ бароӣ, ихтиёр!